Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа
воб аст, агарчи ҳамчун ҳамаи дигар корҳо бояд маврид ва меъёр дошта бошад.
Моро ғайр аз тамошои Нил ва якта-нимта одамоне ки ба пеши панҷараи соҳил меоянд, дигар коре нест… Киштие ки дина бегоҳӣ омада, аз мо болотар лангар андохта буд, аз они «Ҷамъияти шиноварони ҷумҳурияти Судон» будааст. Қариби пешин аз паҳлуи вай заврақчаи моторноке ҷудо шуда ба мобайни дарё роҳ гирифт. Аз паси заврақча судонидухтари хушпайкари зебое дар либоси шиноварӣ ресмонеро дошта савори лижаи обӣ рӯй-рӯи дарё медавид.
Аз ман пурсиданд, ки ин чӣ ҳунарест? Дар бораи ин намуди спорт лексиячае хондан лозим омад.
Ҳама аз ҷойҳои худ бархоста сокитона духтаракро тамошо мекарданд. Оре, касе лом намегуфт. Дар рӯи дарё духтари қариб тамом бараҳнаи мусулмон варзиш мекард. Ва ин ҷо «мамлакати мусулмонобод» буд. Дар сари давлат – якбора ду партияи динии ислом.
Зоҳиран, ҳар яке аз ҳамсафарон дар ин дақиқа фикр мекард, ҳоло соли 1963 аст, асри бистум аст.
Бале, мурури замон чизи зӯрест. Вай шамшери пӯлодиро ҳам чунон суда мекунад, ки рафта-рафта дар пеши ресмоне оҷиз монад ё аз он наъл сохта ба пои маркабе бизананд.
Фарроши меҳмонхона як рафиқашро ба пешам овард, ки бубинам ва давое ба ӯ таъйин кунам. Парерӯз худи фаррошро дида будам. Гурдааш иллат доштааст. Ин аз варами пой ва халтачаҳои зери чашмонаш аён буд. Дар ин ҷо на лабораторияе дар ихтиёри ман ҳаст, на ягон асбоби дурусте. Имконияти таҳлили мукаммалтар кардан нест. Ночор ба санҷиши сатҳӣ такя карда, миқдоре аз доруворе ки дорам, ба ӯ додам.
Ресепт навиштан суд надорад. Моҳонае ки ӯ мегирад ба ин корҳо чандон мувофиқ нест. Таъйин кардам, ки акнун хӯроки бенамак хӯрад.
Рафиқи фаррош ба замми маишати ноқис чилимкашӣ карда, роҳи нафасашро қариб бастааст. Ба ӯ низ дору додам ва гуфтам, ки агар боз чанд сол зинда мондан хоҳад, аз кайфи чилим гузар кунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё