Зеҳн
Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Майдони пеши аэропорт аз марду зани сарлучу эҳромбатан пур буд. Дар байни анбӯҳи ҳоҷиён фақат ягон-ягон ходимони полис ё хизматчиёни аэропорт ба назар мерасиданд, ки бо машаққате ба худ роҳ кушода мегаштанд.
Мо аз автобус фаромада, дар офтоби майнасӯз ҳайрон меистодем. Хайрият, коркунони сафорат ва консулхонаамон пайдо шуданд ва бо мадади маъмурони аэропорт ба мо аз миёни издиҳом роҳ кушоданд. Ҳангоме ки аз як зали калон мегузаштем, тақрибан сесад нафар занони судонӣ, ки он ҷо менишастанд, ба табрики мо баробар даҳон кушоданд. Табрики онҳо барои камина чунон ғайриодиву ногаҳонӣ буд, ки лаҳзаи аввал дар ҷоям шах шуда мондам: ҳамаи занҳо баробар бо овози борику ҷарангосии худ қийғоси гӯшкаркунандае кашида, бо кафи даст ба даҳони худ мезаданд. Дар натиҷа садои фасиладори ваҳмангезе ҳосил мешуд, ки аз афти кор, ба бонги хатари нахустин қабилаҳои одамони ибтидоӣ шабоҳат дошт.
Ҷомадонҳоро ба аробачаҳо бор карда, берун бароварданд.
Ним соат, як соат гузашт. Вале ба савор шудан ҳанӯз ишора набуд.
Пас аз ду соат гуфтанд, ки тайёра нест. Ва имрӯз намешавад. Тайёраи Арабистони Суудӣ, ки мебоист моро савор мекард, дигаронро савор карда, ба Ҷаддаи муборака рафтааст.
Аз гуфтушуниди атрофиён ҳамин қадар фаҳмидам, ки сафари онрӯзаи мо туъмаи кадом як найранге шудааст.
Бо автобуси дигар маъюсу хомӯш ба ҳуҷраҳои худ баргаштем. Акнун, ба иборае, ҳабси ихтиёрии хонагӣ сар шуд.
Баъди бо нияти ҳаҷ бастани эҳром онро кушодан мамнӯъ будааст. Агар касе бо зарурати фавқулодае маҷбур ба кушодан шавад, дар арафаи иди қурбон ба қафораи гуноҳ камаш як гӯсфанди иловагӣ қурбонӣ мекардаааст.
Ҳоҷӣ Абдухалилака эҳромашро кушода, ба ҳама эълон кард, ки рӯзи арафа, иншооллоҳ, як гӯсфанди бӯрдоқӣ кушта, гуноҳи худро хоҳад шуст. Эҳром кушодани ӯ дарвоқеъ зарур буд, зеро вай хазинабон аст ва аз номи мо бо маъмурияти меҳмонхона, аэропорт ва ғайра муомилоти пулӣ дорад, бояд ҳамроҳи сардор дар шаҳр гардад.

пешина
аз 247
навбатӣ