Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа
Аз пешаш гузашта бо роҳрав ба сӯи ҳуҷраи худ равон шудам. Ба дари ҳуҷра расида, ба пас нигоҳ кардам, ки ҳанӯз бо даҳони яла ба сӯи ман нигоҳ карда истодааст.
Дар ҳузури Қориака ҳамаашон худро фаришта метарошанд, бо сари хам, бо қиёфаи зоҳидона ба сухани ҳамдигар гӯш медиҳанд, ҳангоми роҳ рафтан мақоми ҳамдигарро мувофиқи синну сол ва мартаба риоя мекунанд. Сардори худро дур бинанд, дар кӯчаи калон бинӣ мекованд, дар сари дастурхон дегчаи таомро қариб, ки аз дасти якдигар чанг зада бигиранд.
Дар ҳуҷра ғарқи хаёлоти гарон менишастам, ки хабар омад:
– Эҳром бандед, тайёра мунтазир аст!
Ҳама ба чизғундорӣ, шустушӯйкунӣ даромаданд. Ман ҳам аз душ баромада, бо кумаки Исрофил эҳром бастам. Лекин домани «юбкаи» ман гоҳ аз ҳад берун танг мешуду ба қадамгузорӣ халал мерасонид, гоҳ васеъ мешуду ягон ҷои поям намудор мегашт, ки ин ҳам хилофи шариат буд.
Ниҳоят ҷомадон ва сумкаҳоро бардошта, бо азобе бо юбка қадамҳои аввалинро монда, ба сари кӯча баромадам. Баъзе аз одамони маҳаллӣ моро эҳром дар бар дида ким-чиҳо гуфта табрик мекарданд. Баробари дар автобус ҷойгир шудан Ҳоҷӣ Абдухалилака фарёд кашид:
– Лаббайка, оллоҳумма, лаббайк! Ло шарика лака, лаббайк!
Мардум ин калимотро ним соат инҷониб зери лаб ё бо овози паст такрор мекарданд. Акнун ҳама ба фарёд кашидан оғоз карданд.
– … Иннал ҳамда ван-неъмата вал-мулк! – то овоз дошт бонг мезад Ҳоҷӣ Абдухалил. Ӯ чунон аз таҳти дил фарёд мекашид, ки гӯё сафари минбаъдаи мо, ояндаю истиқболи худаш ва ҳамаи мо маҳз ба қуввати овози ӯ вобаста бошад.
– Ло шарика лак! – баробар дод мегуфт аҳли автобус ва аз ин наъра бому девори оҳании автомобил ҷарангос мезад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё