Зеҳн
Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Сардори мо Қориака маро тарафдорӣ намуданд ва гуфтанд, ки ҳанӯз ки то сафар фурсат ҳаст, духтурҳои Маскав саломатии эшонро дурусттар бисанҷанд. Лекин ҳазрат бо ҷӯшу хурӯше аз ҷой барҷаста, дастони дарози худро дар ҳаво ҷавлон дода ва чашмони калон-калонашонро ба чаҳор тараф чарх занонида, ба аҳли маҷлис хабар доданд, ки эшон аз хоҷаҳои асил мебошанд ва ҳафтод пушташон поку покиза гузаштааст ва қавли хоҷа Наримон ин аст, ки аз фил ҳам саломату бардамтарин ва ба якто не, садто сафари гирдогирди ҷаҳон метавонанд тоб оваранд. Агар касе ба азми наҷиби ин кас халал расониданӣ бошад, чунон дуои бади дастабиринҷӣ насибаш хоҳад шуд, ки дар ду дунё як рӯзи некро надида, то абад туъмаи азобу шиканҷаҳои гӯшношунида хоҳад гардид. Не нагӯед, гуфтанд ҳазрат дар охири суханашон, туъмаи азоб хоҳад гардид.
… Касе такягоҳи курсиро ҷунбонида, маро аз дарёи хаёлот берун овард.
– Духтурҷон, як тамоку кашем.
Ин марди лӯндаи фарбеҳ яке аз ҳамсафарони мо – хатиби масҷиди шаҳри М. Мулло Ӯроқака буд. Панҷ рӯз мешавад, ки ӯ дар тамокукашӣ ба ман шарик аст.
Пачкаи сигаретаро аз халтачаи такягоҳ бароварда, ҳамроҳи гӯгирд ба ӯ дароз кардам.
– Раҳмат, гӯгирд дорам, – гуфт ӯ ва сигаретаро оташ гиронида, як-ду қуллоб дудро ба шифти салон сар дода, ба ман табассуми меҳрубононае эҳсон карду ба ҷои худ рафт.

пешина
аз 247
навбатӣ