Зеҳн
Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

ЛАББАЙКА, ОЛЛОҲУММА, ЛАББАЙК!

Ҳамсафаронам як соат пештар аз ман баргашта, намози пешинро хонда, ҳоло дар зери айвони меҳмонхона мунтазири хӯроки нисфирӯзӣ менишастанд. Мулло Ӯроқака, ғайр аз хӯрок маро ҳам мунтазир будааст, ки сигарета бикашад. Аз афти кор, танҳо вай аз дурии камина зарар дида буду бас.
Исрофил гуфт, ки имрӯз муҳайё шудани тайёра ба гумон будааст. Иншооллоҳ, пагоҳ албатта ба мо тайёра медодаанд.
Хизматгорони ресторан моро ба таом таклиф карданд.
Онҳо мисли дигар судониҳо либос пӯшидаанд, тафовут фақат дар ин ки аз болои қабои худ фӯтае бастаанд. Хизматгорони ёрдамчӣ фӯтаҳои сабз, саркоронашон – фӯтаҳои сурх.
Ресторан таомҳои болаззат тайёр мекардааст. Аз ҳар гуна шӯрбо, кабоб, шавла ва меваҳо шикамсерӣ меоранд, аммо нонро ниҳоят кам медиҳанд: ба назди ҳар кас фақат яктоӣ кулчаи майдаяки сафеди камнамак мегузоранд. Барои одаме ки аз иштиҳо гила надорад, кулчаашон ним даҳон мешаваду бас.
Аз буфети ресторан гӯгирд харидам. Пули мисине ки дорам, фақат ба гӯгирду об барин чизҳо мерасид. Дар буфет ба хотири меҳмонони европоӣ машрубот мефурӯшанд, аммо нархаш бисёр гарон. Як шиша ром хариданӣ бошед, пули як гӯсфанди бӯрдоқиро медиҳед. Давлат аз фурӯшандагони машрубот қасдан андози калон меситонад, то ки ҳаваси ҷорӣ кардани ин чиз дар дилашон чандон реша надавонад.
Исрофил дар як гӯшаи фойе маро мунтазир буд:
– Рафтем, – гуфтам ман.
– Андак сабр кун, – гуфт ӯ. – Ана ба вай мардак нигоҳ кун.
Марде бо либоси сафеди тобистонӣ, ки шалвораш агар ғайрат кунад ба зону мерасид, дар паси сутунҳои фойе ба курсии нарм нишаста, ҳар ду пойи сермӯи худро ба рӯи миз гузошта буд.

пешина
аз 247
навбатӣ