Зеҳн
Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Дар мулки бегона кас худро деҳотии аввалин бор ба шаҳр афтода барин ҳис мекардааст. Чашм аз ин лавҳа ба он лавҳа, аз ин бино ба онаш медавад. Баъзе аз навиштаҷоти лавҳаҳо, рӯи асфалти чорраҳаҳоро хонда маънояшро нимкола сарфаҳм меравам. Охир, дар забони адабии мо калимаҳои арабӣ бисёранд, аз забони форсу тоҷик ҳам ба арабӣ дар давоми қарнҳо басе калимот дохил шудааст.
Ба маҳаллаи тоҷирон расидам. Дар ҳар ду тарафи кӯчаҳо шаҳрҳои қадимаи мо барин, дукон ва магазинҳои озуқа ва ашёҳои гуногун, устохонаҳои хусусӣ ҷой гирифтаанд. Дар дуконе доруҳои тайёр мефурӯхтаанд. Нархи дорувор назар ба нархи аптекаҳои мо хеле гарон. Арзиши хинин ва пенисиллин барин доруҳои маъмул, агар ба воситаи нархи озуқа муқоиса кунем, аз мо чаҳор-панҷ баробар гаронтар.
Дар як дукон ашёҳои мактабӣ мефурӯшанд. Соҳиби дукон аз ман чизе пурсид, ки нафаҳмидам. Ба саволи дуюмаш ҳам ночор сукут кардам. Дар андоми ӯ аломати таассуф ва дар чеҳраи ман нишонаи тааҷҷуб нақш баст. Чанд дақиқа дар ҳамин ҳолат истодем.
– Форсӣ! – гуфтам ман сонӣ.
1
– Ло, – гуфт ӯ.
– Туркӣ?
– Ло.
– Англис?
– Ло, – гуфт ӯ ва ҳатто андаке рӯй турш кард.
– Пас чӣ бояд кард? – пурсидам ман аз ӯ ва аз худам ва аз ин корам хандаам омад.
– Рӯсӣ? – гуфтам ин дафъа бидуни ҳеҷ умеде ки ӯ забони русиро медониста бошад.
– Эйва, русӣ! Билод – Русия? Иттиҳодиятал Суфитӣ? – якбора қатор кард мард.

Ло – не (арабӣ).

пешина
аз 247
навбатӣ