Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа
Занҳо, пирамардон дар болои манкалдонҳои аз сатилкуҳна сохтаашон оши угро, мантуи серпиёз ё нахӯдшӯрак мефурӯхтанд.
Деҳқонони аз деҳот омада бегоҳон якта-якта аз корвонсаройҳои атроф ба ялангӣ ҷамъ шуда, аз он ошҳо харида, дар худи ҳамон ҷо диққақ нишаста мехӯрданд ва боз ба ҷои хоб ва савдою саломи худ пароканда шуда мерафтанд.
Баъдтар бозорҳои оши кӯчагӣ нест шуданд, мусофирон ба ошхонаҳои озода одат карданд. Аммо дар замони ҷанг оташдонҳои сайёр боз ба сари кӯчаву майдонҳо баромаданд, боз палавпазҳои кӯчагӣ сояи равғанро ба дегҳо аз дур нишон дода, ба ивази таъм ва ғизои хуш оши худро бо зардчӯба ҳусни зоҳирӣ мебахшиданд.
Пас, оши кӯчагии судониҳо низ манзараи даргузар аст. Ба чеҳраҳои кушод, дастони меҳнатдидаи мардуми Хартум нигаред, пай мебаред, ки онҳо аз меваи озодӣ ва истиқлол акнун мечашанд.
Ҳамсафарон аз тангкӯчаи масҷид баромаданд ва ман аз дунболи онҳо равон шудам.
Имрӯз аксари дуконҳо маҳкам, зеро косибон ва тоҷирони мусулмон шаби ҷумъа дукон намекушоянд. Якта-нимта магазинҳои яла ба юнониҳо, арманиҳо ва дигар намояндагони дини насронӣ тааллуқ доштааст. Хеле роҳ паймуда, дукони пойафзолро пайдо кардем. Кассирамон барои ҳама якҷуфтӣ шиппаки резинӣ харид ва миқдоре долларро ба пули судонӣ бадал карда, ба ҳар кас сеҷунайдӣ кисахарҷ тақсим кард.
Боиси шабона шиппакҷӯӣ кардани мо ин аст, ки мувофиқи тариқати ҳаҷ ҳоҷӣ бояд ба хоки Арабистони Суудӣ дар либоси махсусе қадам монад, ки ба ҳеҷ ҷои он сӯзани дастӣ ё мошинӣ нарасида бошад. Шиппаки ҳоло харидаи мо аз резин яклухт рехта шуда буд ва ҳеҷ бахя надошт.
Аз гуруснагӣ ва пиёдагардӣ ба ҳоле расида будем, ки дигар тоқати рафтор надоштем ва таклифи кадоме аз ҳамсафарон дар бораи таксӣ савор шудан тарафдории гарму ҷӯшон пайдо кард.
Се таксӣ моро ба меҳмонхона овард. Ман коғази сеҷунайдиро аз киса бароварда, ба ронандаи худамон додам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё