Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа
Ба ман ҳам аз кӯдакӣ мегуфтанд, ки моҳи нав тинҷ бошад, яъне агар ҳилол якпаҳлуву уреб наистода бошад, пас бандаҳои
Худо нотинҷ мешаванд, дар давоми ҳамон моҳ ба сари мардум нохушие, касофате хоҳад даррасид.
Моҳи тинҷро дида, ба даргоҳи Парвардигор муноҷот мехондем, чашмакони худро бо илтиҷо ба осмон дӯхта, оятҳои медонистагиамонро бо эҳтирос пичирросзанон такрор мекардем, бараои хонавода, барои падар ва модар хайрият металабидем.
Моҳ «нотинҷ» бошад, боиси шодмонӣ ва шавқуну сурони беғамона мегардид.
Моҳ-момо кулча те,
Кулча нате, ука те. – гуфта ҳавлию кӯчаҳоро ба сар мебардоштем.
Дар вуҷуди ҳамсафарони ман ҳамон тарсу ваҳми айёми кӯдакӣ ҳанӯз зинда аст. Балки ин тарсу ваҳми давраи бачагӣ ҳам нест? Балки ин тарсу ҳарос аз айёми кӯдакии бани одам, аз қаъри бист-сӣ ҳазор соли инкишофи ҷамъияти одамӣ то ба имрӯз расидааст?
Ҳоло аз сидқи дил, аз тамоми дилу ҷон мехостам, ки муъҷизае шавад. Оре, муъҷизае шаваду дар ин ҷо, дар кӯчаи нимторики Хартум баногоҳ як телескопи бағоят азиме пайдо гардад ва ин одамон мушаки кайҳоннаварди моро бо тамғаи СССР, бо ситораи сурхаш дар рӯи моҳ бубинанд ва аёнӣ дарк намоянд, ки иқтидори беинтиҳои одам ба рӯи чароғи Худованд ҳам нақши худро гузоштааст.
Вақти дигар мешуд, ҳамроҳи ҳамсафарон ба масҷид мерафтам. Ҳоло худро ҳатто маҷбур карда натавонистам.
Ман одами бепартиявиам. Агар намоз хонам, касе маро таъна ё маломат намекунад. Дар диёрам агар аз хешовандон ё ошною ақрабо касе вафот кунад, дар хонаводаи ӯ як ҳафтаи аввали баъди дафн, пас рӯзҳои бистум, чилум ва яксолагӣ дуою фотиҳа мекунанд. Банда ҳарчанд афсонаи соф будани нақлу ривоятҳои оид ба арвоҳ, он дунё, биҳишту дӯзах ва ҳоказоро хуб медонам, дар маросимҳо иштирок мекунам, баробари ҳама даст ба фотиҳа мебардорам ва ғайра.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё