Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа
– Хайр, хайр, шуд, акнун бирав, – гуфт духтарак аз китфи ҷавони аҷоиб навозишкорона ва андаке омирона тела дода.
Шукр, мегуфтам дар дилам. Ба хоки Ватан нарасида бошам ҳам, ба ҳавояш расидам. Боз мебинам, ки одамон ба ҳамдигар бе пул кумак мекунанд бе ғараз некӣ мекунанд. Боз мебинам, ки бо ҳам хушҳолона суҳбат мекунанд, табассум, ханда, ҳазлу мутоиба мекунанд.
– Боз рустӣ шароб нӯшидӣ? – пурсид Исрофил ба рӯям чашм дӯхта.
– Ба ту гуфта будам-ку: майпараст нестам.
– Набошад, чаро лабонат аз ханда кашол?
– Ба Искандар ҳозир бо радио аз омаданам хабар медиҳанд.
– Ту балоча будаӣ. Хайр бинишин, дафтарчаатро барор, ба писари ман ҳам якта телеграмма навишта монем.
– Ба ҷону дил.
Коғазу қалам гирифта, бо диктаи Исрофил калимаи Ленинград, рақами қуттии почта, ному фамилияи писарашро навишта, ба рӯяш нигоҳ кардам. Ӯ, аз афташ, сухан намеёфт, ки бигӯяд.
– Навис, – гуфт Исрофил ниҳоят ва боз хомӯш монд.
– Писарам, биё… – гуфт Исрофил ва овозаш ларзида, дар чашмам об чарх зад. Дастрӯмолашро бароварда, оби чашм ва бинии банохост серобгаштаашро пок кардан гирифт.
Дақиқае хомӯш будем. Чун дидам, ки ба умеди вай кор буд намешавад, навиштам, ки падаратон аз он дунё баргашт.
Биёед.
– Чӣ навиштӣ?
Хонда додам.
– «Аз он дунё…» Ҳм, чаро ин тавр навиштӣ? Э хайр, майлаш, гуфтаи ту шавад.
Мулло Ӯроқака омада, якта сигарета гирифт ва дуртар аз назари Қориака – ба думи самолёт рафт.
– Қурбон, ҳамин ки ба Маскав расидем, аввал чӣ кор мекунӣ?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо