Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа
БОЗ ВАЪДА БА ФАРДО
Бале, субҳи рӯзи чаҳорум низ вакилони ба идоратулҳаҷ рафтани мо бо чеҳраҳои ғамгин баргаштанд.
Касе намедонист, ки аз чӣ сабаб моро дар ин ҷо нигоҳ медоранд. Ҳамсафароне, ки аксари вақти худро дар кӯчаву бозори шаҳри шариф мегузарониданд, мегуфтанд, ки ба сӯи Ҷаддаи муборака рафтани қатор-қатор автобус ва таксиҳоро бо чашми худ дидаанд.
Қориака ҳамаро ба назди худ хонда, коҳишомез мегуфтанд, ки аз таъхир ёфтани сафар ғамгин шудани мо айб аст. Ҳар як соат ва рӯзе, ки мо дар ин диёри муътабар зиёда аз реҷа мегузаронем, аломати меҳрубонии худованди карим аст. Нафас кашидан аз ҳавои мубораки мавзеъҳои муқаддас насиби фақат ҳамон бандаҳои парвардигор мешавад, ки кадом як кор ё хислаташон ба ҳақтаоло хуш омадааст, гуфтанд Қориака.
Баъди ин суҳбати тасаллибахш дар ҳуҷра фикр карда менишастам, ки маҳз кадом хислати камина ба офаридгори ҳаждаҳ ҳазори олам форида бошад?
Ҳазрати Наримон дар хонаи ҳамшафат нутқ эрод карда, таъкид менамуданд, ки ба хона бо савғотию туҳфаҳои нағз баргаштан чӣ гуна аҳамияти бузург дорад. Ва дар айни замон, зоҳиран, савғотиҳои барои занашон харидаро намоиш медоданд.
– Ҳа, ҷанобон, – мегуфтанд ҳазрат, – дили зан бо ҳадяву туҳфа зинда аст. Гӯш кунед, ҷанобон, ки шоир чӣ гуфтааст:
Хоҳӣ, ки дили дилбари ту нарм шавад,
Аз парда бурун ояду бешарм шавад,
Зорӣ макуну зӯр мазан, зар бидеҳ,
Зар бар сари фӯлод ниҳӣ, нарм шавад.
– Не, нагӯед, ҷанобон, нарм шавад.
Исрофил омада аз паҳлуям нишаст. Пай бурдам, ки чизе гуфтанист.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё