Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа
– Ҳа, ҳа, нағз, – гуфт ӯ сарашро тез-тез ҷунбонида ва дар айни ҳол чизеро фикр карда. Ба мийяаш, аз афти кор, ягон саволи нави бамаънӣ наомад, ки хайр, гӯён баромада рафт.
Мани хомхаёл ба Арабистон фотоаппарат ҳам бардошта омадаам. Хайрият, ки онро аз кунҷи ҷомадон наҷунбондаам.
Ба хонаи ҳамшафат ҳамсафарон омаданд. Пештар ин ду хонаи ҳамсоя аз мобайн даре доштааст. Ҳоло ба ҷои дар зич тахта зада монданд. Матрасеро ба такам партофта, аз матраси дигар болине сохта ба замин ёзидам ва аз бекорӣ ба суҳбати калосонсолон гӯш додам:
– Қорӣ, сақанқур харидед?
– Як бонка гирифтам. Лекин сабилмонда заҳри мор барин қимат будааст-дия.
– Канӣ, як бинам… Ӯҳ, ҷудо бадафт мешудааст-ку. Беҳтар ин ки кас талқонаашро харад.
– Эшони Маҳмуд Султон гуфтанд-ку: нокӯфтааш тоза. Ба талқонаш ноаслҳо орд ҳамроҳ мекардаанд.
– Ҳа, дар воқеъ, ҳамту гуфта буданд.
Мароқи ҳоҷиёни солхӯрдаи мо ба сақанқур ҳосили суҳбати дишабаи эшони Маҳмуд Султон аст. Дишаб соҳиби хона ба суҳбати ҳамсафарони мо омада, аз саргузаштҳои худ шаммае нақл карда буд. Вай баъди супурдани молу мулки падар дар арзи ду сол дар сар то сари Россия бо се паспорти харида овардагӣ карда, хеле воқеаҳоро аз сар гузаронидааст.
Дар Аштархон ба духтаре ошиқ шудааст. Тоторкампири миёнарав ҳамёни ӯро қариб холӣ кардааст. Ниҳоят, баъди азобу шиканҷаи думоҳа эшонзода ба висоли маҳбуба расидааст.
Эшони Маҳмуд Султон изтироби дар он шаби якум дар лаҳзаи вохӯрӣ бо маъшуқа аз сар гузаронидааш, ҳусни латифи духтарро аз миёни борик ва кокулҳои дарози муаттар то ба майда-чуйдаҳои дигар хеле батафсил ҳикоят кард. Сомеон бо нидоҳои тақдиркунанда нақли ӯро қувват медоданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё