Зеҳн
Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Эҳтимол, ягон рӯз намояндаи Штатҳои Муттаҳида аз минбари Ташкилоти Давлатҳои Муттаҳида ё ягон минбари баланди дигар баромада талаб кунад, ки ин некии онҳо низ дар феҳрасти накукориҳои ба халқҳои шарқ кардаашон ба оби тилло қайд карда шавад. Аҷаб нест. Олами ҳодис, гуфтаанд…
Хаставу гурусна ба манзил баргаштем. Чӣ хуш ки шӯрбои сергӯшти болаззате тайёр будааст. Аммо дар ин ҷо воқеае рӯй дод, ки дергоҳе аз лавҳи хотирам намерафт. Бо мо, шаш нафар сокинони ҳуҷраи савум, шаш коса шӯрбо оварданд.
Лекин хизматгори ҷавон овардани қошуқро фаромӯш карда буд. Се нафар ҳамсафарони мо дарҳол нонро шикаста, бо оби шӯрбо тар карда хӯрдан гирифтанд. Нон тар карда мехӯрданду дам ба дам косаро бардошта, шӯрборо пуф мекарданд, то ки зудтар хунук шавад ва аз лаби коса ҳурт кашида тавонанд.
Вале шӯрбо гарм буд ва лабу даҳони ҳоҷиёнро месӯзонид.
Он гоҳ косаро хашмгинона ба ҷояш мемонанд ва бесаброна ба дари ҳуҷра нигоҳ мекарданд, ки хизматгор кай қошуқ меоварда бошад. Хизматгори гаранг ҳам гӯё қасдан мекарда бошад, ба зудӣ наомад. Ниҳоят, вай пайдо шуд ва як даста қошуқро ба рӯи дастархон ҳаво дод. Се ҳоҷӣ қошуқҳоро бар ҳаво чунон устокорона дошта гирифтанд, ки яктояш ба замин наафтид. Хизматгор аз ин саҳна завқ карда, қоҳ-қоҳ хандид ва хандакунон бадар рафт.
Исрофил аввал бо сараш ба сӯи онҳо ишора карда, ба ман табассум намуд «Ҳунарро дидӣ?» мегуфт ӯ гӯё. Сонӣ чеҳрааш тира шуд, қошу қавоқаш овезон гардид. Ба нону шӯрбо даст нарасонида, муддате ба шифти хона нигоҳ карда пастпаст сулфакунон нишаст.
– Марҳамат карда бигӯед, ки, – оқибат ба сухан даромад Исрофил якбора ба ҳар сеи ҳоҷиҳои чобукдаст муроҷиат карда, – пеш аз сафар ба мо чиҳо таъйин карда буданд? Ин чӣ коре буд, ки ҳозир кардед? Оё фикр накардед, ки вай бача дар ҳаққи мо чӣ мегӯяд?

пешина
аз 247
навбатӣ