Зеҳн
Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Ман бошам, барои ҷалб кардани одамон қасдан ба забони арабӣ фарёд мекашидаам:
– Ишриб борид! Кӯкола! Кӯкола! Маринда!...
Пагоҳии рӯзи дуюм ба автобусе савор шуда бо роҳнамоии эшони Маҳмуд Султон ба зиёрати мавзеъҳои муқаддаси Мадинаи мунаввара рафтем. Автобус аввал дар пеши девори пастаке қарор гирифт. Ин ҷо қабристони машҳури ин диёр Ҷаннатулбақия будааст. Дар таки девори похсагин тақрибан чил нафар ҳоҷизанон худро ба чодирҳошон печонида менишастанд. Онҳо то даме ки пои мардҳои зиёратгар канда нашавад, дар ин ҷо навбати худро мунтазир менишастанд.
Қабрҳои муқаррабон ва ворисони пайғамбарро як-як зиёрат кардем. Дар сари қабри халифаи савум ҳазрати Усмон ва духтари пайғамбар ҳазрати Бибӣ Фотима дуою фотиҳа махсусан қуюқ шуд. Аз таъсири муҳит ва нақлҳои эшони Маҳмуд Султон ва ҳикоятҳои Қориака ҳамаи ҳамсафарон зор-зор мегиристанд. Дар болои қабри ҳазрати Бибӣ Фотима, ки модари имом Ҳусайн ва имом Ҳасан мебошанд, як гурӯҳ эрониҳо мӯйканону рӯйканон мегиристанд ва хоки қабристонро ба сар пошида, баланд навҳа мекарданд. Камина худро дар дилам коҳиш мекардам, ки ин қадар сангдил ҳастам ва дар чунин як мавзеи муборак аз чашмонам заррае ашк намерезад.
Қориака дар сари яке аз қабрҳо таваққуф карда гуфтанд:
– Дар ин ҷо зани шарифае мадфун аст, ки меҳри пайғамбарамон Муҳаммад мустафо саллаллоҳу алайҳи васаллам ба ӯ тамоюли махсусе дошт.
Қориака дар ин ҷо низ дуою фотиҳа хонданду аммо номи он зани шарифаро ба забон нагирифтанд. Гап, дар бораи Зайнаб мерафт: одатан падарони рӯҳонӣ аз ин нукта сухан оғоз шавад, ба суҳбат чандон бо рағбат ширкат намекунанд ва ҳол он ки қиссаи Зайнаб мароқангез аст ва аз ин сабаб дар қуръони маҷид низ дар чанд калима акс ёфтааст.

пешина
аз 247
навбатӣ