Зеҳн
Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

– Номи шумо ҳам машҳур. Фардо рӯзи қиёмат ҳазрати Исрофил аз ҳама пештар хеста, карнаи бузурги худро менавозанд ва бандагони худоро аз хоби абадӣ бедор карда, аз рӯзи маҳшар хабар медиҳанд.
Исрофил табассуме карда, ба аломати ризо сар ҷунбонид.
Дар дилам гуфтам, ки дар штати Арши Аъло ҳам вазифаҳои барзиёд будааст. Ҳазрати Исрофил, масалан, миллионҳо сол бекор-бекор мегарданду фақат рӯзи қиёмат як бор карнай менавозанд…
Моторҳои пуриқтидор мунтазам ғуррос мезананд. Стюардессаҳои хушандому хушкалом кори худро анҷом дода, ба истироҳат рафтаанд. Аксари чароғҳоро хомӯш карда, дар ҳар салон як-дутоашро фурӯзон мондаанд. Сардори ҳайати ҳоҷиён бо тарҷумон дар салони дигар, дар ҷойҳое нишастаанд, ки бароҳаттар шуморида мешаванд. Ба ИЛ-18 ё ТУ – 104 чил бор савор шудаам, гӯям муҳобот намешавад. Дар роҳҳои ҳавоии дохили мамлакатамон ҷойҳои мусофирнишини самолётҳо ба хубу нохуб тақсим намешуд. Фақат барои занҳои кӯдакдор ё якта-нимта одамони носиҳат имтиёз буд. Ҳарчанд ин самолёт ҳам моли худамон аст, дар он билетҳои дараҷаи I ва дараҷаи II будааст ва қимату мартабаи аввалааш аз дувумаш баландтар будааст. Соҳибони билети дараҷаи I дар салони ором ва камшавқунтари самолёт менишастаанд ва ҳақ доштаанд, ки назар ба мо, мусофирони дувумдараҷа, ҷомадонҳои калону вазнинтар бигиранд.
Рейс, ки хориҷист, ба қоидаву низоми он насимаке аз анъанаҳои хориҷа вазидааст…
Моторҳо якзайл ғуррос мезананд. Ҳама курсиҳои худро то ҳадди имкон ба пас хобонида, ба хоб рафтаанд. Исрофил муддате ба торикии берун чашм дӯхта нишасту ниҳоят монда шуд ва хобаш бурд.
Хислати ҳаринае дорам, ки дар вақти парвоз хоб карда наметавонам. Кушед, ки хобам намебарад. Хайрият, ки ҳавопаймоҳои тезпарвоз баромадаанд. Ҳафт-ҳашт сол муқаддам тайёраи мусофиркаш масофаи байни Душанбе ва Москавро дар ҳар ҷо дам гирифта, бензин гирифта ва ҳатто дар нисфи роҳ экипажи худро иваз намуда, дар ду рӯз тай мекард ва камина ба ҷои он ки баробари қадам ниҳодан ба хоки пойтахт дарҳол аз паи кору бори худ шавам, ё ба дидани рафиқони пазмоншудаам бишитобам, ё кӯчаву хиёбонҳои дӯстдоштаамро ақаллан соате сайр кунам, маҷбур мешудам, ки ба гӯшае лӯнда шуда бихобам ва каллаи аз бехобӣ тамом хушк ва холигаштаамро андаке пур кунам.

пешина
аз 247
навбатӣ