Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа
нонида, онҳоро аз хӯрок, ҷои хоб ва нақлиёт таъмин менамуд. Шабу рӯз садои ҷарангосии мӯйсафед гоҳ аз кӯчаву гоҳ аз рӯи ҳавлиҳои даруну берунаш шунида мешуд, ки чаҳор зан, се писар ва хизматгорони сершумори худро як нафас ором нагузошта, кор мефармуд.
Мо дар ҳавлии беруни ӯ ба се хонаи хурди алоҳидаи ҳамшафат ҷо гирифтем. Дар хонаҳои дигари ошёнаи якум ва болохона ҳоҷиёни афғон ва эронӣ мезистанд. Баъди сафари роҳи панҷсадкилометрӣ ақаллан андаке нафас рост накарда, ба зиёрати масҷиди набӣ, яъне пайғамбар шитофтем, ки оромгоҳи ҳазрат низ он ҷо будааст. Дар кӯчаҳо – ҳоҷиёни се қитъаи олам. Ҳамон шавқуну сурон, ҳамон тиқилинҷ ва ҳамон доду валвалае, ки дар Маккаи мукаррама буд.
Масҷиди пайғамбар басо калон будааст ва бо саҳни беруниаш тақрибан се ҳазор касро мегунҷонидааст. Бинои масҷидро аз хишти пухта беҳтарин намунаҳои санъати меъмории шарқро истифода бурда сохтаанд. Фарши масҷид ва суфаҳои онро бо мармари тоза пӯшида, ба рӯяш қолинҳо густурдаанд.
Моро ба гӯшаи ҷанубу шарқии масҷид бурданд. Ин ҷо мақбараи дару деворҳояш қуббакорӣ, кошинкорӣ ва зарҳалкорӣ кардашуда ва аз нақшу навиштаҷоти гуногун фаровони пайғамбар воқеъ гашта буд.
Маҳмуд Султон роҳбалад буд. Ӯ ба дари якуми мақбара рӯй оварда бо овози баланд гуфт:
– Ассалому вас-салот, эй нури пок!
Ҳама дар паси ӯ истода такрор карданд:
– Ассалому вас-салот, эй нури пок!
– Ассалому вас-салот, эй ҳабибуллоҳ!
– Ассалому вас-салот, эй валиюлазим!
– Ассалому вас-салот, эй раисалуламо! – ва ғайра ва ғайруҳу.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё