Зеҳн
Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

– Ту ростгӯй ҳастӣ, – гуфт ӯ қоҳ-қоҳ хандида. – Ман туро барои ҳамин хислатат дӯст медорам.
– Налақ. Ман дар ин мавзӯъ бисёр чиз хонда ва шунидаам.
Лекин аз як гӯшам медарояду аз дигараш мебарояд. Чизе дар мийяам таҳшин намешавад.
– Чаро?
– Чунки ҳама гапҳои умумӣ ва ягон тасаввуроти аниқу муайян нест.
– Э бечораяк! Чӣ будани абадиятро ба худ тасаввур карда наметавонӣ? – гуфт ӯ бо оҳанги муаллими аз кор хасташудае, ки баъди дарс бо шогирди қафомондааш машғулияти иловагӣ мегузаронад. – Хайр, бигӯ ки чанд соли таърихро тасаввур карда метавонӣ?
– Чанд сол? Гирем, панҷ-шаш ҳазор солро.
– Боракалло, ҳоло ҳам дурустӣ, – гуфт Искандар. – Ин панҷшаш ҳазор солатро ба як сӯ мону як ҳавзи… не, ҳавз не, як стадиони сад ҳазор ҷой доштаро ба пеши назарат бисёр…
– Стадион ба ин масъала чӣ дахл дорад?
– Корат набошад, ба пеши назар биёр гуфтам – биёр.
– Хайр, ана овардам.
– Акнун тасаввур кун, ки ҳамин стадионро лаболаб аз арзан пур кардаанд. Шуд? Хӯш ки бошад, акнун фарз кун, ки дар ҳар сад ҳазор сол як мӯрчаяке омада, аз ҳамин хирмани муаззам фақат якта дона гирифта мебарад. Шуд?
– Шуд.
– Ана акнун ҳисоб кун: муддате ки мӯрча ба ҳамин тариқа ҳамаи арзани стадионро кашонида тамом мекунад, дар пеши абадият ҳамчун як донаи рег аст дар биёбони Қайроқум ё чун қатраи об аст дар уқёнуси Ором. Фаҳмидӣ?
– Ҳа, – гуфтам ман дар ҳолате ки аз гулуям базӯр овоз мебаромад ва ҳис кардам, ки диплому аттестату шаҳодатномаҳои дар хона ҷамъкардаамро гӯё бо меҳнати ҳалол не, балки бо роҳи ба шаъни одам номуносибе ба даст оварда бошам.
Афсӯс ки ҳоло Искандар дар пешам нест. Вай бошад, кас зиқ намешавад.
– Исрофил!

пешина
аз 247
навбатӣ