Зеҳн
Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

– … Ҳа, дар Маккаи мукаррама ягон кори ба назар намоён накарда бошӣ?
– Кори намоёнамон ин буд, ки бахшиш медодем.
– Бахшиш? Ба кӣ?
– Ба калоншавандаҳои идоратулҳаҷ, яъне идораи ҳаҷ, барои гирифтани рухсатномаи сафар. Ҳар рӯзи худо кассир, тарҷумон ҳамроҳи яке аз саидон ба он идора мерафтанд. Баргашта мегуфтанд, ки дар идоратулҳаҷ кадом як чархи аппарати ба рухсатнома муҳр мезадагиашон давр назада мондааст. Барои равған молида ба кор андохтани ана ҳамон чарх ба маъмурон сари ҳар мусофир даҳриёлӣ бахшиш додан зарур аст. Азбаски кассаамон умумист ин нуктаро барои маълумотамон хабар медоданд, то ки баъд ведомости хароҷотро дида, ин пул ба куҷо рафт, гуфта напурсем. Демократия-да.
– Ҳа, фаҳмидам. Демократия бошад, маълум.
– Баъд бегоҳӣ низ баргашта мегуфтанд, ки равғанпулӣ нарасидааст. Боз бахшиш додан лозим, вале ин дафъа – ҳафтриёлӣ. Таомул ҳамин бошад, чӣ чора? Розӣ мешудем.
Дар хотират бошад, гуфта будам, ки ҳанӯз дар Ҷаддаи муборака гурӯҳи мо ба ду тақсим шуда буд: ба тошкандиҳо ва қазониҳо. Мо, тошкандиҳо, дар бадали ду рӯз чаҳор маротиба бахшиш дода, сиҳат-саломат рухсатнома гирифтем.
Аммо шаш нафар қазониҳо рӯзи савум ҳам боз сериёлӣ бахшиш доданд.
– Ин имтиёз ба чӣ вобаста будааст: ба табиати қазониҳо, ё фазилати маъмуроне ки ба онҳо вобаста шудаанд?
– Ба хаёлам, ин аз ҳамон асрори нозукест, ки вақти соати кашфаш нарасидааст.
– Шояд. Хайр Ҳоҷӣ, исто ки дар Арабистони Суудӣ будани худро дигар фаромӯш накардӣ?
– Ду бор фаромӯш шуд. Сабил монад, аз фаромӯшхотириам қариб буд, ки фоҷиае сар занад, Калоншавандаҳо аз Тоифи муборак омада, ба конгресси олами ислом рафтанд.

пешина
аз 247
навбатӣ