Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа
– Хайр-дия, баъди ҳаҷ ту ҳам менависӣ.
– Эҳтимол. Лекин тӯмори аввалинро ба ту менависам.
Эълон карданд, ки таваққуфи мо ба охир расид. Ба берун баромадем.
Офтоб, зоҳиран, ба қитъаи Африқо меҳри махсусе доштааст. Аз бетони саҳни аэровокзал ҳаври оташин бармехост.
Ҳавои тафсон меларзид ва мавҷ мезад. Дар водии Вахши худамон баъзе рӯзҳои саратон гармо ба 40-45 дараҷа мерасид ва ман дар он ҷо ҳафтаҳо ва моҳҳоро бидуни оҳу воҳу шикваю шикоят гузаронидаам. Аммо дар ин ҷо ба нафасгардон шуданам кам монда буд.
Ҳоло ба Хартум меравем, ки вай якуним ҳазор километр дар ҷанубтар ва ба хатти устуво наздиктар аст.
Нури офтоб ба дараҷае равшан ва чашмбаранда аст, ки ношукртарин бандаи худо ҳам ба ихтироъкунандаи айнаки сабз ҳамду сано мехонад.
Боз ба ҳаво баромада будем, ки стюардессаҳо наҳорӣ оварданд. Барои артистони сирки Хитой ва чанд нафар увропоиён, ки дар самолёт боқӣ монда буданд, ба қадаҳҳо якҷуръагӣ коняк оварданд. Ба мо, ҳоҷиён, наоварданд. Қориака ба духтаракон гуфтаанд, ки ҳоҷиҳо шароб наменӯшанд.
Хеле хуб. 17 ҳоҷӣ нанӯшад, ихтиёраш. 18-умаш менӯшад.
Шояд ки хоби гурезон пас ояд.
Ба буфет, ба назди стюардессаҳо рафтам.
– Нозанинҳо, ҳаққи маро бидиҳед.
Як қадаҳ шароб ва барои газак гӯшти яхнӣ ва як чизи лӯбимонанди сабз ҳам доданд.
Метавонед ҳаққи шариконатонро ҳам бинӯшед, – гуфт яке аз духтарон, ки аз ҳама шӯх ва бебоктар менамуд.
– Раҳмат. Ба се шиша шароб нӯшидан таҷриба даркор.
– Шумо магар ҳоҷӣ нестед?
– Ҳоҷӣ, духтури ҳоҷиҳоям.
– Пас шароб нӯшиданатонро ба сардоратон хабар диҳамчӣ? – ҳазломез гуфт духтарак.
– Салоҳ намебинам. Пагоҳ-фардо – иди Якуми Май. Агар сардоратон фаҳмад, ки ба хабаркашӣ ва ҷанг андохтани мусофирон ҳавас доред, аз мукофоти идона маҳрум мешавед.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё