Зеҳн
Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Кӣ гуфт, ки ашъори онҳо хурофот аст?
– Дар мамлакати шумо ҳамин тавр мепиндоштаанд…
– Тоҷикон мақоле доранд: «Ман аз осиёб омадам, ту мегӯӣ ки дӯл холӣ». Фирефтаи дурӯғ шудани кас мумкин, аммо наход, ки даҳҳо сол гузараду дар бораи ҳаёти собиқ ватани худ ҳақиқатро фаҳмидан ин қадар душвор бошад?
Саволи мизбонро ба Қориака такрор кардам. Азбаски дар ин суҳбат ҳама мулло буду ман духтур, мехостам, ки ин мардака аз забони шахсе ҷавоб бигирад, ки бечуну чаро муътабараш медонад. Қориака табассумкунон гуфтанд, ки оре, хондани осори шоирони бузурги гузаштаро касе манъ накардааст, баръакс, омӯхтани онҳо ба программаи таълими ҳатмӣ ҳам дохил шудааст.
Сонӣ ман илова кардам, ки девонҳо, куллиётҳои шоирон ва мутафаккирони гузаштаро нашриётҳои боиқтидор ҳар дафъа ҳазорон-ҳазор нусха нашр мекунанд ва дар дуконҳои китобфурӯшӣ ба забони бисёр миллатҳои мамлакат бо нархи арзон мефурӯшанд.
Воқеан акнун ба ёдам расид, ки қисми серташвиштари ҳаҷ дина баробари эҳромкушоӣ хотима ёфта буд. Ҳоҷиён ва мизбонони онон барои суҳбату нақлу ривоят акнун фурсати озод пайдо карда буданд. Ба ҳамсафарони ман, ки эшонро аз каллапӯшҳошон дарҳол мешиносанд, дар кӯчаву бозор ҳамгап шуда, ҳар гуна саволҳо медоданд, ҳар хел чизҳо нақл мекарданд.
Ба Темурҷонқорӣ, масалан, дина бегоҳӣ савол доданд:
– Дар мамлакати шумо занҳо умумӣ будаанд. Йигитҳои мусулмон ба ин аҳвол чӣ гуна тоқат мекунанд?
Қории ҷавон ин воқеаро нақл карда мегуфт, ки ба дарафтоданаш ба он марди даҳонбефаровез саҳл монда буд. Баъд бо мулоҳизаи он ки пурсанда он саволи аблаҳонаро аз кадом як манбаи беруна дарк кардааст, аз ғазаб фаромада, оромона ҷавоб додааст.

пешина
аз 247
навбатӣ