Зеҳн
Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Мулло Ӯроқака аз паҳлу омада, имо кард, ки ба канора бароям.
– Якта нашъа кунем, – гуфт ӯ ҳангоме ки аз давра дур шудем.
Ҳар ду сигарет дуд кунонидем.
– Дар ҳузури Қориака тамоку кашидани ман нағз намешавад, – шарҳ дод ӯ. – Аммо ба шумо ҷоиз аст, шумо духтур, – фатво дод мулло Ӯроқака пас аз дақиқае.
Сонӣ хомӯш мондем.
– Айрапӯрташон баҷо будааст, – гуфт ӯ баъди муддате.
– Ҳа беҷо не.
Боз сукути давомдоре ба миён омад.
Хайрият, ки Исрофил омад. Вай аз бағалам гирифта, таклиф кард, ки ақаллан залҳои аэропортро сайр кунем. Қориака аз ҷоятон наҷунбед, гуфта буданд. Лекин ҳамроҳи Исрофил гаштан мумкин, чунки вай муовини сардори гурӯҳ интихоб шудааст. Ҳанӯз дар Маскав бо тавсияи Қориака интихоб карда будем. Дар ягон номаъқулӣ сардор шарикатон бошад, шуморо ҳеҷ бало намезанад.
Дар дуконе ҳар гуна чизҳои ёдгорӣ, дар дигараш – рӯзнома, китобчаву суратҳои ранга мефурӯхтанд. Дар паси тавораи шишагин ходимони флоти ҳавоии Республикаи Муттаҳидаи Араб нишастаанд. Дар пеши буфет европоиён ва якта-нимта аз мардуми Осиё ва Африқо рост истода, ё ба курсиҳои баланд нишаста, қаҳва, май ва коктейлҳои гуногун менӯшанд. Ману Исрофил аз пули инҷоӣ як мирӣ ҳам надорем, ки лоақл оби мева бинӯшем.
Дар шафати буфет дукончаи сарроф воқеъ гаштааст. Мардаки қавиҳайкали сиёҳҷурда бо шогирди худ пул шумурда даста мекунад. Дар болои пештахтаи дукон лавҳаеро рост мондаанд.
Ин нархномаест, ки қимати нисбии пули Мисрро нисбат ба доллар ва фунту франку маркаю лираҳои Европа ва дикору риёлу рупияву курушу дигар навъ пулҳои Осиё ва Африқо муқаррар мекунад.

пешина
аз 247
навбатӣ