Зеҳн
Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Оре, фикри мурдан, рӯзе аз рӯзҳо абадӣ ва бебозгашт аз олам чашм пӯшидан аз чизҳои гуворо нест. Ана ҳамин нукта сабаб шуда, афсонаи таскинбахши он дунёро бофта баровардаанд.
Як рӯз ҳаёт дар пеши ҳар кас масъалаеро, чуноне мегӯянд, кӯндаланг мегузорад, ки афсонаи ширинро мехоҳӣ ё ҳақиқати талхро? Ҳақиқати талх ин ки ба ту фақат як умр додаанд.
Мард бошӣ, онро сазовори номи инсон мегузаронӣ. Даҳ, бист, сӣ ҳазор сол муқаддам рӯзгор бениҳоят сахт буд. Садҳо наслҳои гузашта барои сабук кардани зиндагонии худ ва ҳаёти ту саҳм гузоштаанд. Ҳам нафси худро ором кардаанд, ҳам ба ту хизмати неке кардаанд. Бале, даҳ ҳазор сол қабл аз ин ҳам аҷдодон ба қадри ҳоли худ ба ту хизмат мекарданд, сад сол пеш ҳам дар байни миллионҳо мардум одамоне буданд, ки умри худро, ҳамаи қувват ва қобилияти худро барои беҳбудии имрӯзаи ту сарф кардаанд. Ту бояд ҳам қарзи авлодӣ, ҳам вазифаи аҷдодиро ба ҷо оварӣ: ҳам барои худ бизиҳӣ, ҳам барои иморати фардо ақаллан хиште бигузорӣ.
Бале, дар ин умри бебозгашти даргузар фирефтаи афсонаи ширин нашудан ҳам бахт аст…
– Духтур, бисёр хаёл мекунед-дия шумо, – гуфт ҳоҷӣ Абдухалилака.
– Ҳа, ба хаёл рафтаам. Ман ҳозир фикр мекардам, ки одамизод аҷиб махлуқест, ки худаш бар зидди худаш хеле чизҳо ихтироъ кардааст.
– Ҳамааш бо хости худованди карим, – луқма партофт яке аз мӯйсафедон.
– Шумо аслиҳаи ҷангро мегӯед? – пурсид дигаре.
– Ҳам онро, ҳам баъзе чизҳои дигарро. Масалан, шароб ва афъюнро. Ҳарчанд кас медонад, ки зарар дорад, ба ивази чанд лаҳза сайр кардани олами хаёлот ба истеъмолаш ризо мешавад. Хусусан афъюнро мегӯям, ки навъҳои ҳалокатовар дорад.
Мусоҳибон ризомандона сар ҷунбониданд.
… Аз биёбон дигар ҳамчун аз танӯри тафсон ҳаври оташин бармехост. Ҳаракати ҳоҷиён дар роҳҳои байни кӯҳи Арафот ва водии хаймазор сирактар гардид. Акнун бештар сайёраҳои ёрии таъҷилӣ давутоз мекарданд. Аз шавқуни дилхароши сиренаи онҳо касе ақаллан як дам пинак рафта наметавонист.

пешина
аз 247
навбатӣ