Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа
Садои дашщном, ҷарангосу тақарроси ба ҳам хӯрдани зарфҳои тунука ва мисин ба осмон печидааст. Талоши об дар сари ҳавзи кавсар аз ин зиёд намешудагист.
Каминаро ба хаймаи сардорон даъват мекунанд, ку биравам, чӣ мегӯянд.
– Мулло Қурбон, марҳамат!
– Канӣ, духтурҷон, аз ин сӯ, аз пешгоҳтар гузаред. Аз кабоби гӯсфандҳои қурбонӣ чанд табақ кашида оварданд.
– Шумо бандаи хушбахт будаед, ҷаноб, – гуфт ҳазрати Наримон, – дар рӯзи ҳаҷҷи акбар таваллуд шудаед. Боз ҳаҷҷи акбари дигар дар пешониатон будааст.
Ман, ки ба нозукиҳои солшумории ҳиҷрию шамсӣ ва қамарӣ чандон сарфаҳм намеравам ва аз ин қадар одами табаррукӣ будани худ хабар надоштам, мутаҳайирона ба андоми ҳамсафарон назар мекардам. Ҳама баробар маро табрику таҳният мегуфтанд. Ҳатто дар андоми Махсуми миҷмиҷдаҳон, ки аз ҳама пеш як илики калони сергӯштеро аз табақ бардошта буду ришу мӯйлаби худро ба равған олуда мехоид, лаҳзае як тобиши хайрхоҳона дидам.
– Раҳмат, ташаккур, – мегуфтам дар ҷавоби табрикҳо.
Тафаккури одамизод ба тарзи аҷиб сохта шуда будааст. Як ҳикматро шунида мепиндоред, ки ба маънои он дарҳол сарфаҳм рафтаед. Лекин солҳо мегузаранду як рӯз мебинед, ки он ҳикмат чанд паҳлуи дигаре ҳам доштааст, ки калонтару боақлтар шуда дарк мекунед. Дин афъюн аст, – гуфтанӣ гапро ҳанӯз дар мактаби ҳафтсола аз девори зали мактабамон, аз шиори ба рӯи алвон дӯхтаи духтаракон хонда будам. Баъди чанд соли он шубҳае надоштам, ки ҳамаи ҳикмати ин се калимаро бо тамоми таърихаш фаҳмидаам. Ҳоло мебинам, ки маънои ин гап так надорад. Басе умр дидан, ҷаҳон гаштан, ҳаёти рангоранги мардуми гуногунро муоина кардан лозим будааст, то кас манзараеро бубинад, ки ин ҳикматро ба дунё овардааст.
Ҳоло маро акамуллоҳо табрик мекунанд, мегӯянд, ки банда хушбахтам. Рост мегӯянд. Агар хушбахтӣ худро шинохтан, қарзи инсонии худро донистан ва дар роҳи адои ин қарз кӯшидан бошад, ман хушбахтам. Одам мувофиқи қонуни кулли табиат ба дунё меояд, аз дунё меравад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё