Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа
Аз ин сабаб «ту»
гуфта муроҷиат кардани муллои Уфа ба гӯшам гуворо мерасид.
Нури офтоб акнун хуб паҳн шуда, баҳр ранги нилобии сабзтоб гирифта буд.
Аз пеш гӯшаи ғарбтарини Осиё намудор гардид. Пас, баъди 10-15 дақиқа ба осмони Африқо дохил мешавем.
Кайҳоннавард нашуда ҳам дар ним соат замини се қитъаи бузургро дидан мумкин будааст.
Дар поён – канали Сувайш. Гӯё ба рӯи коғази зарди нақшакашӣ ҷадвали кабудеро ниҳодаанд. Дар ҳар ҷо-ҳар ҷои ҷадвал нуқтаҳои сафеду сиёҳ метобанд. Инҳо, яқин, киштиҳоянд, ки роҳбаландони мисрӣ аз канали худ мегузаронанд. Агар мудохилаи давлати мо намешуд, ҳафт сол пеш аз ин бо баҳонаи ҳамин канал ҳам ҷанги калоне сар шуда мерафт, хуни ҳазорон, ё эҳтимол, миллионҳо нафар мардуми бегуноҳ мерехт. Олимон ҳисоб кардаанд, ки дар таърихи башар понздаҳ ҳазор маротиба ҷанг шуда, ҷамъ дуним миллиард одам талаф гардидааст. Ҳамеша зӯр камзӯрро азоб медод, ҳақиқат дар ҷониби касе буд, ки ҳамёни ғафстаре дошт. Дар ҳамин даҳ соли охирин ҳам чанд бор шуд, ки мудохилаи сулҳҷӯёнаи халқи мо дастони ба хунрезӣ омодаи ҷангталабонро аз ҷиноят боздошт. Гӯё дунё то ба ҳамин қарибӣ хонаи пур аз писарбачаҳои худсари ҷангара буд, ки ба ҷуз дарафтидан ба ҳамдигар «дилхушиеро» намедонистанд. Ба ин хона акнун марди хирадманд ва тавоное қадам ниҳода, бачаҳоро бародар ва мураббӣ шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё