Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа
-манъи маҳдудсозии ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд дар муносибатҳои меҳнатӣ;
-манъи табъиз, меҳнати маҷбурӣ ва истифодаи меҳнати занон ва ноболиғон дар корҳои вазнин, зеризаминӣ ва шароити меҳнаташон зарарнок;
-таъмини ҳуқуқ ба шароити меҳнати ҷавобгӯи талаботи қоидаҳои бехатарӣ ва гигиенистӣ;
-афзалияти ҳаёт ва саломатии корманд нисбат ба натиҷаи фаъолияти истеҳсолӣ;
-таъмини ҳуқуқ ба музди мувофиқ барои меҳнат, на камтар аз андозаи ҳадди ақали музди меҳнат;
-
таъмини ҳуқуқ ба истироҳат;
-
баробарии ҳуқуқ ва имкониятҳои кормандон;
-таъмини ҳуқуқи кормандон ва корфармоён ба муттаҳидшавӣ барои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои худ;
-
кафолати таъминоти иҷтимоии кормандон;
-
шарикии иҷтимоӣ;
-
танзими давлатии бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат;
-таъмини ҳуқуқи намояндагони кормандон барои назорати ҷамъиятии риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат.
Ба фарқияти байни принсипҳо ва меъёрҳои ҳуқуқӣ (қоидаҳои рафтор) таваҷҷӯҳ бояд дод. Принсипҳо шакли мушаххаси рафторро муқаррар "наменамоянд, чун қоида онҳо сохтори меъёрҳо (гипотеза, диспозитсия, санксия) надоранд ва бо кӯмаки онҳо танзими ҳамаҷонибаи муносибатҳои ҷамъиятӣ ғайриимкон ё душвор аст. Аммо, бар хилофи меъёрҳо (қоидаҳои рафтор), принсип ба мо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё