Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа
масъалаҳое, ки марбут ба салоҳияти ин воҳидҳои сохторӣ мебошанд, баста мешаванд.
Дар ҳолати барҳам додани ташкилот бо тартиб ва шартҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шартномаи коллективӣ дар тамоми муҳлати раванди барҳамдиҳӣ амал менамояд.
Дар ҳолати барҳамдиҳии ташкилот то ба охир расидани муҳлати амали шартномаи коллективӣ соҳибмулк ё мақомоти ваколатдори таъсисдиҳандаи ташкилот уҳдадоранд, ки ба кормандон дар давоми муҳлати барҳамдиҳӣ маблағи барои ҳалли масъалаҳои инкишофи иҷтимоии коллектив, имтиёзҳои дар шартномаи коллективӣ пешбинишударо пардохт намоянд.
Дар қаламрави ҷумҳурӣ қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дорои меъёрҳои ҳуқуқии меҳнат, ки вазорату идораҳо қабул кардаанд, набояд ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат намояд.
Дар акси ҳол, Кодекси меҳнати ҶТ ё дигар қонунҳо татбиқ мешаванд.
Санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ки меъёрҳои ҳуқуқии меҳнатро дар бар мегиранд, дар ҳудуди маҳал эътибор доранд.
Санадҳои шарикии иҷтимоӣ дар сатҳҳои дахлдори
шарикии иҷтимоӣ эътибор доранд.
Татбиқи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии
дорои меъёрҳои ҳуқуқии меҳнат нисбати шахсони

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё