Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ИқтисодиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

дорои меъёрҳои ҳуқуқи меҳнат ба корманд нигоҳ дошта мешаванд. Ҳарчанд дар КМ ҶТ ба усули «худмуҳофизатӣ»-и ҳуқуқҳои меҳнатии корманд ишора шудааст, вале он то охир мушаххас нашудааст. Зеро татбиқи усули худмуҳофизатии ҳуқуқҳо аз ҷониби корманд, инчунин дар дигар моддаҳои КМ ҶТ (моддаҳои 335, 345) ҳамчун усули иҷро накардани кор пешбинӣ шудааст, яъне даст кашидан аз он, агар корфармо ҳуқуқҳои меҳнатии кормандро ба шароити меҳнат, аз ҷумла бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат вайрон кунад.

Корфармо ҳуқуқ надорад ба худмуҳофизатии ҳуқуқҳо аз ҷониби кормандон монеа шавад. Масъалаи худмуҳофизатии ҳуқуқҳо аз ҷониби корманд ба таври инфиродӣ ҳал карда мешавад ва ба корпартой, ки амали дастҷамъонаро талаб мекунад, иртибот надорад.

Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон имкони худмуҳофизатии кормандро дар шакли даст кашидан аз иҷрои кор (боздоштани кор) то рафъи вайронкунии ҳуқуқ, пешбинӣ мекунад.

САВОЛҲОИ САНҶИШӢ

  1. Мафҳум ва усулҳои ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои
    меҳнатиро шарҳ диҳед.

  2. Назорати давлатии риояи қонунгузории меҳнат (аз ҷумла қонунгузории ҳифзи меҳнат) аз ҷониби кадом мақомот анҷом дода мешавад.

  3. Ҳимояи ҳуқуқҳои меҳнатӣ ва манфиатҳои қонунии кормандон аз ҷониби иттифоқҳои касаба чӣ гуна сурат мегирад?

пешина
аз 496
навбатӣ