Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

ҷамъиятии санитариро нозирони ҷамъиятии санитарии ташкилот амалӣ мегардонанд.

Тибқи муқаррароти моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2011, № 757 «Дар бораи иттифоқҳои касаба», иттифоқҳои касаба ва иттиҳодияҳои онҳо ҳуқуқ доранд, ки назорати ҷамъиятии аз ҷониби корфармо, соҳибмулк ё намояндаи ваколатдори мақомоти идоракунандаи он риоя намудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи меҳнат ва иттифоқҳои касабаро ба амал бароранд, инчунин аз онҳо рафъи қонуншикании ошкоршударо талаб намоянд.

Бо мақсади амалӣ намудани назорати ҷамъиятии риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат, ҳифзи ҳуқуқҳои иҷтимоӣ, меҳнатӣ ва манфиатҳои аъзои худ, иттифоқҳои касаба ҳуқуқ доранд нозироти техникӣ ва ҳуқуқии меҳнат, инчунин хадамоти ёрии ҳуқуқӣ дошта бошанд, ки салоҳияти онҳоро оинномаҳои (низомномаҳои) иттифоқҳои касаба ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамоянд.

Намояндагони иттифоқҳои касаба ҳуқуқ доранд, ки бо мақсади санҷиши аз ҷониби корфармо ва шахсони мансабдори он риоя шудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи меҳнат, ба корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо сарфи назар аз шакли моликият ва шакли ташкилию ҳуқуқиашон, ки дар онҳо аъзоёни иттифоқи касаба фаъолият менамоянд, бе мамоният ворид шаванд.

Иттифоқҳои касаба ҳуқуқ доранд, ки бо ташаббуси худ, дар асоси хоҳиши аъзояшон ва дигар кормандон,

пешина
аз 496
навбатӣ