Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа
коллективӣ, беасос надодани рухсатии меҳнатӣ ба кормандон, инчунин таъмин накардани дигар кафолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи меҳнат пешбинӣ намудааст, нисбати шахсони мансабдор ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо, барои баъди таъйини ҷазои маъмурӣ дар давоми як сол такроран содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурии дар қисми якуми ҳамин модда зикргардида, ба андозаи аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин барои ҳуқуқвайронкуниҳои меҳнатии зерин ҷавобгарӣ дар шакли ҷаримаро пешбинӣ намудааст:
-беасос ба кор қабул накардан;
-дидаю дониста ба кор қабул намудани шаҳрвандоне, ки аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар кофтуков қарор доранд;
-ба кор қабул намудани шахсони доғи судӣ дошта ба мансабҳое, ки қонунгузорӣ манъ кардааст;
-ғайриқонунӣ аз кор озод намудани корманд;
-саркашӣ кардан аз иштирок дар гуфтушуниде, ки ба бастани шартномаи (созишномаи) коллективӣ ё риоя накардани муҳлати муқарраршудаи бастани он вобаста аст;
-пешниҳод накардани маълумоти зарурӣ барои доир намудани гуфтушуниди коллективӣ ва амалӣ кардани назорати риояи шартномаи (созишномаи) коллективӣ;
-беасос саркашӣ кардан аз бастани шартномаи (созишномаи) коллективӣ;

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор