Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Ин Хадамот мақомоти давлатии назорату санҷиш оид ба риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи меҳнат, қоидаҳои ҳифзи меҳнат, стандартҳо ва қоидаҳои бехатарии меҳнат, гузаронидани ташхиси шароити меҳнат дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

Хадамот дар доираи салоҳияти ба ӯ додашуда қарор қабул мекунад, ки иҷрои он аз тарафи тамоми ташкилотҳо сарфи назар аз шакли ташкилӣ-ҳуқуқӣ ҳатмист. Ҳуқуқу вазифаҳо, манбаъҳои маблағгузории Хадамот ва ташкили кори он бо «Низомномаи Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2014, №299 тасдиқ шудааст, ба танзим дароварда мешавад.

Назорати давлатии риояи қонунгузории меҳнат, ки дар соҳаи танзими муносибатҳои меҳнатӣ анҷом дода мешавад, асосан ба муқаррар ва истифодаи шароити меҳнат дахл дорад. Бахусус ин дар робита бо густариши танзими коллективӣ-шартномавӣ, локалӣ ва инчунин инфиродӣ-шартномавии муносибатҳои меҳнатӣ бисёр муҳим аст. КМ ҶТ қабули меъёрҳоеро, ки шароити меҳнат, сатҳи ҳуқуқҳои меҳнатӣ ва кафолатҳои кормандро дар муқоиса бо қонунгузории меҳнат паст менамоянд, манъ кардааст. Агар чунин шартҳо ба созишномаҳо, шартномаҳои коллективӣ ва ё шартномаи меҳнатӣ дохил карда шуда бошанд, онҳо татбиқ намешаванд. Муайян кардани чунин санадҳои меъёрии локалӣ ё шартномаҳои коллективӣ, созишномаҳо, шартномаҳои меҳнатӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои

пешина
аз 496
навбатӣ