Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ИқтисодиётТаҳсилот
Аз аввал хондан
  • шарикии иҷтимоӣ;

  • танзими давлатии бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат;

  • таъмини ҳуқуқи намояндагони кормандон барои назорати ҷамъиятии риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат (моддаи 4 КМ ҶТ).

Ин принсипҳо дар меъёрҳои Фасли V (Бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат)-и КМ ҶТ ифодаи худро ёфтаанд.

Ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои меҳнатӣ дар заминаи дарҷи онҳо дар қонунгузорӣ, худмуҳофизати ҳуқуқ ва озодиҳои меҳнатӣ аз ҷониби кормандон, тавсеаи ҳимояи судӣ, истифодаи чораҳои маъмурӣ ва ташкилии санҷишӣ (назоратӣ) аз ҷониби давлат ва ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони гунаҳкор ва ҳимояи ҳуқуқҳои меҳнатӣ ва манфиатҳои қонунии кормандон аз ҷониби иттифоқҳои касаба имконпазир аст. Ҳамаи ин тадбирҳо дар якҷоягӣ як низоми муайянеро ташкил медиҳанд, ки ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои меҳнатӣ, риояи қонунгузории меҳнат ва барқароркунии ҳуқуқҳои поймолшуда равона карда шудаанд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд (моддаи 5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон). Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегарданд (қисми якуми моддаи 14 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон).

Бо дарназардошти ин, кафолатҳои давлатии таъмини

пешина
аз 496
навбатӣ