Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ИқтисодиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

бошад, кӯмакпулӣ барои дафн аз ҷониби мақомоти дахлдор пардохт карда мешавад.

Аъзои оилаи камбизоате, ки маросими дафни шаҳрвандонро анҷом додааст, барои гирифтани кӯмакпулӣ барои дафн бо ариза аз рӯи мансубият ба раёсати (шуъбаи) Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷои истиқомати худ ва ё ба бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ҷои истиқомати худ муроҷиат менамояд. Ба ариза ҳуҷҷатҳои зерин замима карда мешаванд:

-нусхаи шиносномаи аризадиҳанда;

-маълумотномаи муассисаи тиббӣ оид ба вафоти шаҳрванд;

-маълумотномаи мақоми ваколатдор оид ба камбизоатии оилаи шахси фавтида.

Ариза барои гирифтани кӯмакпулӣ барои дафн аз ҷониби мақоми дахлдор дар мӯҳлати на дертар аз 10 рӯзи баъди бақайдгирии он баррасӣ карда мешавад.

Мақоми ваколатдор вазифадор аст, ки дар мӯҳлати на дертар аз 10 рӯз аризадиҳандаро дар хусуси қарори худ расман огоҳ намояд.

Кӯмакпулӣ барои дафн дар сурате пардохт карда мешавад, ки агар муроҷиат барои он дар мӯҳлати на дертар аз шаш моҳ пас аз рӯзи вафоти шаҳрванд сурат гирифта бошад. Кӯмакпулӣ барои дафн ба аъзои оилаи камбизоат тавассути муассисаҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар ҷои истиқомати он пардохта мешавад.

пешина
аз 496
навбатӣ