Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа
ба андозаи 100 фоизи нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба ӯ кӯмакпулии ҳармоҳа барои нигоҳубини кӯдак пардохта мешавад. Кӯмакпулии оилавии яквақта бинобар таваллуди кӯдак ҳангоми таваллуди кӯдаки (кӯдакони) шахси суғурташуда дода мешавад. Шахсони суғурташуда, ки кӯдакони навзодро аз таваллудхона фарзанд хондаанд ва ё васигии онҳоро ба ӯҳда гирифтаанд, ба кӯмакпулии оилавии яквақта ҳуқуқ доранд. Ҳангоми ду ва ё зиёда кӯдак таваллуд кардан, кӯмакпулии оилавии яквақта барои таваллуди ҳар як кӯдак дар алоҳидагӣ вобаста аз кӯдаки чандум буданаш дар оила дода мешавад. Барои кӯдаке, ки аз батни модар мурда таваллуд шудааст, кӯмакпулии оилавии яквақта дода намешавад.
Ҳангоми ду ва ё зиёда кӯдак таваллуд кардан, кӯмакпулӣ барои нигоҳубини ҳар як кӯдак дар алоҳидагӣ то расидани онҳо ба синни якунимсолагӣ дода мешавад.
19.5. Кӯмакпулӣ барои бекорӣ
Кӯмакпулӣ ба сабаби бекорӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин ва пардохта мешавад. Мутобиқи моддаи 25 Қонуни мазкур, кӯмакпулӣ барои бекорӣ ба шаҳрвандоне пардохта мешавад, ки мувофиқи тартиби муқарраргардида бекор дониста шудаанд. Тартиби бақайдгирии шаҳрвандони бекор бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2004, № 170 тасдиқ шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор