Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ИқтисодиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

онҳо истифодаи меҳнати занон манъ карда мешавад ва ҳадди ниҳоии меъёри борҳое, ки барои занон дастӣ бардоштан ва кашонидани онҳо иҷозат дода мешавад», тасдиқ шудааст. Корфармо ҳуқуқ надорад занони ҳомиларо ба кори шабона, кор дар рӯзҳои истироҳат ва иди ғайрикорӣ, изофакорӣ ҷалб намояд, ба сафари хизматӣ фиристанад, инчунин онҳоро аз рухсатии меҳнатии ҳарсолаи пардохтшаванда бозхонд намояд.

Ҳамчунин, ба кори шабона, изофакорӣ ва ба кор бо усули вақтӣ ҷалб намудан ва ба сафари хизматӣ фиристонидан бе розигии хаттии шахсони зерин иҷозат дода намешавад:

  • заноне, ки кӯдаки то синни чордаҳсола доранд, инчунин дигар шахсоне, ки кӯдаки то синни чордаҳро бе модар тарбия мекунанд;

  • кормандоне, ки аъзои бемори оиларо нигоҳубин мекунанд ё кӯдакони маъюбро тарбия менамоянд, агар аъзои бемори оила ва кӯдакони маъюб дар асоси хулосаи тиббӣ ба нигоҳубини доимӣ эҳтиёҷманд бошанд.

Ин маҳдудиятҳо набояд ҳамчун табъиз дониста шаванд, зеро онҳо ифодаи ғамхории махсуси давлат дар ҷодаи таъмини ҳифзи саломатӣ ва меҳнати занон мебошанд.

Гурӯҳи дигари кормандоне, ки дар муносибатҳои меҳнатӣ ба ҳимояи махсус эҳтиёҷ доранд, ноболиғон мебошанд. Бо назардошти махсусияти муносибатҳои меҳнатӣ ва таъмини кафолатҳо ба ноболиғон боби 15 КМ ҶТ маҳз ба танзими меҳнати кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида, аз ҷумла ҳифзи меҳнати онҳо бахшида шудааст. Кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида дар

пешина
аз 496
навбатӣ