Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

ҷузъӣ (стандартҳои ташкилоту муассисаҳо), қоидаю меъёрҳои санитарӣ ва меъёрҳои гигиенӣ, қоидаҳои сохтан ва истифодаи биноҳо, иншоот, таҷҳизот, дастгоҳ ва ғайра, қоидаҳои ҳифзи меҳнат ва дастуруламал оид ба ҳифзи меҳнат ва дигар санадҳое, ки қоидаҳои ҳифзи меҳнатро муқаррар менамоянд, иборат мебошанд.

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои риоя накардани талаботи ҳифзи меҳнат, ҷавобгарии моддӣ, интизомӣ, маъмурӣ ва ҷиноятиро пешбинӣ намудааст, ки дар меъёру муқаррароти дахлдори қонунгузорӣ оид ба меҳнат ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар шудаанд.

18.3. Ташкили ҳифзи меҳнат

Ташкили ҳифзи меҳнат, пеш аз ҳама идоракунии давлатии ҳифзи меҳнатро дар бар мегирад, ки тибқи моддаи 327 КМ ҶТ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи меҳнат ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ амалӣ карда мешавад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақиман ё аз номи он мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи меҳнат масъули таҳияи сиёсати давлатӣ ва танзими ҳуқуқӣ дар соҳаи меҳнат мебошанд. Тибқи КМ ҶТ ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи меҳнат асосан татбиқ намудани самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба ҳифзи меҳнат, дар доираи салоҳияти худ қабул намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба ҳифзи меҳнат, муайян намудани асосҳои идоракунии давлатии ҳифзи меҳнат, мусоидат ба таҳия ва татбиқи барномаҳои

пешина
аз 496
навбатӣ