Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа
2.3. Хусусиятҳои ташаккули созишномаҳо,
шартномаҳои коллективӣ ва дигар санадҳои меъёрии
локалӣ ҳамчун сарчашмаҳои ҳуқуқи меҳнат
Илова ба КМ ҶТ ва қонунҳо муносибатҳои меҳнатӣ ва дигар муносибатҳои бевосита ба онҳо алоқаманд бо шартномаҳои коллективӣ, созишномаҳо ва санадҳои меъёрии локалӣ, ки дорои меъёрҳои ҳуқуқи меҳнат мебошанд, танзим карда мешаванд. Ин қоида дар моддаи 11 КМ ҶТ муқаррар шудааст. Вале, тибқи он муқаррароти созишномаи тарафҳои шарикии иҷтимоӣ, шартномаи меҳнатӣ ва шартномаҳои коллективӣ, ки вазъи ҳуқуқии кормандонро дар муқоиса бо Кодекси меҳнат ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бад менамоянд, эътибор надоранд ва татбиқ намегарданд.
Сатҳи ҳадди ақали ҳуқуқҳои меҳнатӣ ва кафолатҳоро
барои кормандон Кодекси меҳнат ва дигар санадҳои
меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар
менамоянд. Созишномаҳои генералӣ, соҳавӣ, минтақавӣ
(вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ), шартномаи меҳнатӣ ва
шартномаҳои коллективӣ метавонанд ҳуқуқ ва кафолати
меҳнатиеро, ки дар КМ ҶТ ва дигар санадҳои меъёрии
ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ нагардидаанд,
муқаррар намоянд. Шартҳои шартномаи меҳнатӣ,
созишнома ва шартномаҳои коллективӣ наметавонанд
якҷониба тағйир дода шаванд, ба истиснои ҳолатҳои
пешбининамудаи КМ ҶТ ва дигар санадҳои меъёрии
ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Масъалаҳое, ки бо КМ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё