Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа
БОБИ 18. ҲИФЗИ МЕҲНАТ
18.1. Тавсифи умумӣ ва мафҳуми ҳифзи меҳнат тибқи
ҳуқуқи меҳнатӣ
Дар ҳуқуқи меҳнат одатан ҳифзи меҳнат ба маънои васеъ ва маҳдуди он фаҳмида мешавад. Ба маънои васеъ, зери мафҳуми ҳифзи меҳнат низоми чорабиниҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, ташкилию техникӣ, санитарию гигиенӣ, табобатию пешгирикунанда ва барқароркунӣ, ки мутобиқи КМ ҶТ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардида, бехатарӣ, ҳифзи саломатӣ ва қобилияти кории шахсро дар раванди меҳнат таъмин мекунанд, фаҳмида мешавад. Ин таърифи ҳифзи меҳнат дар моддаи 1 КМ ҶТ оварда шудааст.
Ба маънои маҳдудаш бошад, мафҳуми ҳифзи меҳнат
ҳамчун институти ҳуқуқи меҳнат ҳамчун як яке аз
принсипҳои асосии ҳуқуқи меҳнат ва ҳуқуқи субъективии
корманд ба шароити меҳнати ҷавобгӯ ба талаботи
бехатарӣ ва гигиенӣ, арзёбӣ мешавад. Тибқи меъёрҳои
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, саломатӣ ва
меҳнати одамон дар Тоҷикистон ҳифз карда мешаванд
(моддаҳои 1, 35 ва 38). Мувофиқи ин муқаррароти асосии
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, принсипҳо ва
стандартҳои байналмилалии эътирофшудаи ҳуқуқи инсон
ба меҳнат дар моддаи 4 КМ ҶТ ҳамчун принсипи
таъмини ҳуқуқи ҳар кас ба шароити меҳнате, ки ба
талаботи бехатарӣ ва гигиенӣ ҷавобгӯ аст, эътироф карда
шудааст. Муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор