Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

БОБИ 14. КАФОЛАТҲО ВА ҶУБРОНПУЛИҲО

14.1. Мафҳум ва намудҳои кафолатҳо ва ҷубронпулиҳо Дар КМ ҶТ мафҳуми кафолатҳо ва ҷубронпулиҳо кушода нашудааст, ҳарчанд доир ба ин мавзӯъ дар Кодекс боби алоҳида (боби 12) пешбинӣ шуда, илова бар он мавзӯи мазкур дар моддаҳои дигари Кодекс ба танзим дароварда шудааст. Маъмулан, зери мафҳуми кафолатҳо ин воситаҳо, усулҳо ва шартҳое фаҳмида мешавад, ки тавассути онҳо татбиқи ҳуқуқҳои ба кормандон додашуда дар соҳаи муносибатҳои иҷтимоӣ ва меҳнатӣ таъмин карда мешаванд. Ҷубронпулӣ бошад пардохти пулие мебошад, ки бо мақсади ҷуброни хароҷоти марбут ба иҷрои меҳнат ё дигар вазифаҳои дар Кодекси меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунҳо пешбинишуда, муқаррар карда мешавад.

Кафолатҳо ду шакл доранд: нақдӣ ва ғайринақдӣ. Кафолати нақдӣ ду намуд мешавад: пардохтҳои кафолатӣ ва иловапулӣ барои кафолат. Онҳо ба корманд бо мақсади пешгирии кам шудани музди меҳнати корманд пардохта мешаванд. Умуман, кафолатҳо ба кормандон имконият фароҳам меоранд, ки дар раванди кор аз ҳуқуқҳои худ истифода баранд.

Баръакси кафолатҳо, ҷубронпулӣ барои ҷуброни хароҷоти марбут ба иҷрои вазифаҳои меҳнатӣ пешбинӣ шудааст.

Дар КМ ҶТ, ҳолатҳои зерини кафолатҳо ва ҷубронпулиҳо муқаррар карда шудаанд:

пешина
аз 496
навбатӣ