Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа
аст, ки маблағи бидуни баҳсро дар мӯҳлати муайяншуда пардохт кунад.
- Кафолати давлатии навбатӣ - ин масъулияти корфармоён барои вайрон кардани талаботи муқаррарнамудаи қонунгузории меҳнат ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дорои меъёрҳои ҳуқуқи меҳнат, шартномаҳо, созишномаҳои коллективӣ мебошад. Меъёрҳои танзимкунандаи тартиби умумӣ ва мӯҳлати пардохти музди меҳнат дар моддаҳои 147 ва 158 КМ ҶТ ҳамчун талабот нисбати корфармоён барои иҷрои ӯҳдадориҳои асосии худ оид ба пардохти саривақтии музди меҳнати кормандон, ифода ёфтаанд.
Вайронкуниҳои сершумори мӯҳлатҳои пардохти музди меҳнат, мутаассифона, то имрӯз идома доранд, пешгирии ин қонуншиканиҳо, бахусус тақвияти масъулияти корфармоён, тадбирҳои муассиртарро талаб мекунанд. Чунин масъулият барои таъхир дар пардохти музди меҳнат ба кормандон ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо дар бахши музди меҳнат барои корфармо ва (ё) намояндагони ваколатдори ӯ дар моддаи 158 КМ ҶТ пешбинӣ шудаанд.
Корфармо барои ба таъхир андохтани пардохти
музди меҳнат тибқи қисми 5 моддаи 158 КМ ҶТ дар
назди корманд масъулияти молиявӣ дорад. Агар музди
меҳнат бо гуноҳи корфармо аз мӯҳлати муқарраргардида
дертар пардохт карда шавад, ӯ ӯҳдадор аст ба андозаи
фоизи меъёри бонкӣ, ки дар маҳалли иҷрои кор дар рӯзи
пардохти маош мавҷуд аст, барои ҳар рӯзи таъхир дар
пардохти маош, маблағи иловагӣ диҳад. Тартиби ҳисоби

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо