Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа
муайянкунии меъёрҳои меҳнат баробар бо коркарди амалиётҳои технологӣ сурат мегирад.
Асосноккунии иқтисодии меъёри меҳнат бошад, интихоби варианти оқилонаи таносуби байни меҳнати зиндаву гузашта ва хароҷоти камтарини вақт барои иҷрои онро такозо мекунад. Мақсад аз асосноккунии иқтисодии меъёри меҳнат, баланд бардоштани сатҳи ҳосилнокии меҳнат, сифати маҳсулот ва самаранокии истеҳсолот мебошад. Ба омилҳои иқтисодӣ нишондиҳандаҳои ҳаҷми маҳсулот, хароҷоти захираҳои гуногун, имкониятҳои васеъ гардонидани ҳаҷми истеҳсолот ва ғайра дохил мешаванд.
Зимни асосноккунии ташкилии меъёри меҳнат, бояд истифодабарии шаклу усулҳои пешрафтаи ташкили меҳнат ва истеҳсолот ба назар гирифта шавад.
Асосноккунии психофизиологии меъёри меҳнат бошад, маънои онро дорад, ки ҳангоми кор карда баромадани он, бояд муътадилии шиддатнокии кор, реҷаи оқилонаи меҳнат, истироҳат ва ҳифзи ҷисмонии кормандон аз таъсири зарарноки муҳити атроф ба назар гирифта шаванд. Ба омилҳои психофизиологӣ шиддатнокӣ ва вазнинии меҳнат, дараҷаи хасташавӣ ва ғайра дохил карда мешаванд. Қайд кардан ҷоиз аст, ки меъёри меҳнат қабл аз ҳама бояд ҷиҳати ҳифзи кормандон аз меҳнати вазнин равона шуда бошад.
Асосноккунии иҷтимоии меъёри меҳнат такозо мекунад, ки ҳангоми ҳисоб карда баромадани меъёри меҳнат, бояд имкониятҳои рушди тахассусӣ, маданӣ-техникӣ ва маънавии кормандон низ ба назар гирифта шаванд. Аз ин нуқтаи назар, меъёрҳои меҳнат бояд ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо