Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа
11.3.2.Рухсатиҳои иҷтимоӣ ва рухсатии бемузди
меҳнат
Рухсатии иҷтимоӣ ба кормандон барои фаъолияти эҷодӣ, ҳомиладорӣ ва таваллуд, нигоҳубини кӯдак ва таҳсил бе ҷудошавӣ аз истеҳсолот дода мешавад (моддаи 114 КМ ҶТ). Ҳуқуқи кормандон ба рухсатии иҷтимоӣ ба давомнокӣ, ҷой ва намуди кор, номгӯй ва шакли ташкилию ҳуқуқии ташкилот вобаста нест. Дар вақти рухсатии иҷтимоӣ ҷойи кори пештара нигоҳ дошта мешавад ва дар ҳолатҳои дар КМ ҶТ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ пешбинишуда музди меҳнат нигоҳ дошта мешавад. Рухсатии иҷтимоӣ илова ба рухсатии меҳнатӣ дода мешавад. Рухсатии иҷтимоӣ барои ҳамон соли тақвимие дода мешавад, ки корманд ба он ҳуқуқ дорад. Дар ҳолати истифода набурдани рухсатии иҷтимоӣ дар соли ҷории тақвимӣ он ба соли дигари корӣ гузаронида намешавад ва бо маблағи пулӣ ҷуброн карда намешавад, аз ҷумла, дар сурати аз кор озод шудан.
Навъи дигари рухсатии корманд ин рухсатии эҷодӣ мебошад. Рухсатии эҷодӣ бо нигоҳдории музди меҳнат ба кормандон барои иҷрои корҳои рисолавӣ, навиштани китобҳои дарсӣ ва дар дигар ҳолатҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд, дода мешавад (моддаи 115 КМ ҶТ). Тартиб ва шартҳои пешниҳод кардан ва давомнокии рухсатии эҷодиро санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунанд.
Ба корманд, бинобар вазъи оилавӣ ва дигар сабабҳои
узрнок, мутобиқи аризааш рухсатии бемузди меҳнат дода
мешавад, ки давомнокии он бо мувофиқаи байни кор-

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо