Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ИқтисодиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

санаи тақвимии рӯзи муқарраршудаи истироҳат қабул мешаванд.

Тибқи қоида, кор дар рӯзҳои истироҳати ғайрикорӣ манъ аст. Кормандон метавонанд танҳо бо мувофиқаи иттифоқҳои касабаи ташкилот, агар ҷалби онҳо ба кор барои пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ, садамаи истеҳсолӣ ё фавран бартараф намудани оқибатҳои он, барои пешгирии ҳодисаҳои нохуш, ҳалокат ва нобудшавии молу мулк ва барои иҷрои корҳои таъхирнопазири қаблан пешбинигардида, ки аз таъҷилан иҷро намудани онҳо умуман кори муътадили минбаъдаи ташкилот ва ё бахшҳои алоҳидаи он вобаста мебошад, зарур бошад.
Инчунин, дар дигар ҳолатҳои истисноӣ барои ҷалби кормандон ба кор дар рӯзҳои истироҳати ғайрикорӣ метавонад бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии дохилӣ (локалӣ) пешбинӣ гардад.

Ҷалби маъюбон, заноне, ки кӯдаки то сесола доранд ба кор дар рӯзҳои иди ғайрикорӣ, агар ин кор барои онҳо бо сабабҳои тиббӣ манъ карда нашуда бошад, иҷозат дода мешавад.

Дар як моҳи тақвимӣ мавҷуд будани идҳои ғайрикорӣ барои коҳиш додани музди меҳнати (маоши мансабии) кормандон асос нест.

Кор дар рӯзҳои истироҳат ё идҳои ғайрикорӣ мувофиқи қоидаҳои дар моддаи 154 КМ ҶТ ба кормандони
музди меҳнаташон корбайъ - на камтар аз нархномаи дукаратаи корбайъ ва ба кормандони музди меҳнаташон
вақтбайъ, инчунин ба онҳое, ки маоши вазифавӣ (мансабӣ) мегиранд - на камтар аз меъёри (маоши) дукаратаи

пешина
аз 496
навбатӣ