Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

мешавад. Қонунгузорӣ номгӯи мушаххаси чунин корҳоро муайян намудааст. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2002, № 521 номгӯи истеҳсолот, сехҳо, корҳо, касбу вазифаҳое, ки шароити меҳнатии зарарнок ва вазнини кор дар онҳо барои рӯзи кӯтоҳи кор ва рухсатии иловагии ҳарсола ҳуқуқ медиҳад, тасдиқ гардидааст.

Барои кормандони алоҳида, ки ба вақти кӯтоҳи корӣ ҳуқуқ доранд, илова бар давомнокии умумии он, давомнокии ниҳоии рӯзи корӣ (баст) низ муқаррар карда мешавад.

Давомнокии вақти кӯтоҳи корӣ метавонад бо шартномаи коллективӣ ё санади меъёрии локалӣ бо назардошти шароити истеҳсолӣ ва иқтисодӣ муқаррар карда шавад.

Агар корманд бо якчанд асос ба давомнокии кӯтоҳи вақти корӣ ҳуқуқ дошта бошад, пас корфармо вазифадор аст, ки шароити имтиёзноктарро фароҳам орад. Илова бар ин, моддаи 76 КМ ҶТ пешбинӣ мекунад, ки давомнокии рӯзи корӣ (баст) дар арафаи рӯзҳои иди ғайрикорӣ барои ҳамаи кормандон як соат кам карда мешавад. Дар намудҳои алоҳидаи кор ё дар ташкилотҳои фаъолияти доимидошта, ки чунин кӯтоҳ кардани давомнокии вақти кор ғайриимкон аст, он бо додани истироҳати иловагӣ ба корманд ё бо розигии ӯ тибқи меъёрҳои муқарраршуда ҳамчун пардохти изофакорӣ ҷуброн карда мешавад.

Агар пеш аз рӯзи иди ғайрикорӣ рӯзи истироҳат рост ояд, пас давомнокии рӯзи корӣ кӯтоҳ карда намешавад. Барои кормандоне, ки ҳафтаи кории шашрӯза доранд,

пешина
аз 496
навбатӣ