Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа
меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми қабул ба
кор (қисми 1 моддаи 42);
-
аз ҷониби корманде, ки бо дороиҳои пулию молӣ
бевосита кор мекунад, содир намудани кирдори
зиддиҳуқуқие, ки барои нисбат ба ӯ гум шудани боварии
корфармо асос мегардад; (сархати ҳаждаҳуми қисми 1
моддаи 42); -
вайронкунии дағалонаи якдафқаинаи Кодекси
меҳнат ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии
Тоҷикистон аз ҷониби роҳбари ташкилот (воҳидҳои
алоҳидаи он) ва муовини ӯ (сархати ҳабдаҳуми қисми 1
моддаи 42); -
аз ҷониби корманде, ки вазифаҳои тарбиявиро иҷро менамояд, содир кардани рафтори бадахлокона, ки барои давом додани он кор мувофиқ намебошад (сархати нуздаҳуми қисми 1 моддаи 42).
Татбиқ намудани ҷазои интизомӣ ҳуқуқ аст, на вазифа ё ӯҳдадории корфармо. Ҳангоми интихоб ва татбиқи ҷазои интизомӣ, хусусият ва дараҷаи вазнинии кирдори интизомии содиршуда, ҳолатҳои содир шудани он, рафтори пештара ва минбаъдаи корманд ва муносибати ӯ ба меҳнат бояд ба назар гирифта шаванд (қисми 3 моддаи 63 КМ ҶТ).
Тартиб ва шартҳои татбиқ намудани ҷазои интизомӣ дар моддаи 63 КМ ҶТ муқаррар карда шудааст, ки аз мазмуни меъёрҳои он шартҳои зерини татбиқ намудани ҷазои интизомӣ, бармеоянд:
- корманд ба ҷавобгарии интизомӣ кашида мешавад,
агар ӯ кирдори интизомӣ содир карда бошад;

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё