Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа
ҳавасмандгардонии кормандон ва тартиби татбиқи онҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои корфармо, шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ муайян менамоянд. Барои кормандон шаклҳои гуногуни ҳавасмандкунӣ мавҷуданд, агар онҳо дар шартномаи коллективӣ ё қоидаҳои дохилии меҳнатӣ муайян карда шаванд. Дар низомнома ё оинномаҳо оид ба интизоми меҳнат дар соҳаҳои алоҳида, намудҳои дигари ҳавасмандкунии кормандон пешбинӣ шуданашон мумкин аст.
Барои хизматҳои махсуси меҳнатӣ ба ҷомеа ва давлат, кормандон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ барои мукофотҳои давлатӣ пешбарӣ шуданашон мумкин аст. Ғайр аз КМ ҶТ, масъалаи ҳавасмандгардониро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 феврали 2017, №1378 «Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» танзим менамояд. Масалан, тибқи моддаи 8 қонуни мазкур, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотҳои давлатии зерин муқаррар гардидаанд:
- мукофоти олӣ - унвони Қаҳрамони Тоҷикистон;
- ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи I;
- ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи II;
- ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи III;
- ордени Зарринтоҷ дараҷаи I;
- ордени Зарринтоҷ дараҷаи II;
- ордени Зарринтоҷ дараҷаи III;
- ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи I;
- ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи II;
- ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи III;

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё