Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа
б) собиқаи суғуртавии пас аз 1 январи соли 1999 мувофиқи талаботи қисми 2 моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» аз рӯи моҳи пурра ҳисоб карда мешаванд. Зимнан моҳҳои нопурраи собиқаи суғуртавӣ дар алоҳидагӣ аз рӯи принсипи ҷамъшавӣ ҳисоб карда шуда, ҳар 30 рӯзи он ҳамчун моҳи пурраи собиқаи суғуртавӣ ба инобат гирифта мешавад.
в) шумораи моҳҳои собиқаи суғуртавӣ, ки бо тартиби дар бандҳои а) ва б) пешбинишуда муайян карда шуданд, бо ҳам ҷамъ карда шуда, собиқаи умумии суғуртавии шахси муроҷиаткунанда ба ҳолати рӯзи муроҷиат барои таъйини нафақа ҳосил карда мешавад.
Раёсати (шуъбаи) Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр (ноҳия) ҳуқуқ дорад, ки барои тасдиқи фаъолияти меҳнатии шахси суғурташуда, ки барои таъйини нафақа муроҷиат намудааст ё дигар ҳолатҳое, ки барои таъйини нафақа асос мешаванд ва таъсир мерасонанд, ба корхонаву ташкилотҳо новобаста аз шакли моликият, муассисаҳои бойгонӣ, инчунин шахсони воқеӣ, ки субъекти фаъолияти соҳибкорӣ мебошанд, дархост фиристанад ва ҳамчунин, сахеҳияти ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи онҳоро мавриди санҷиш қарор диҳад.
Ҳамчунин, собиқаи суғуртавӣ барои таъйин намудани дигар кӯмакпулиҳои суғуртаи иҷтимоӣ аз кӯмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ, кӯмакпулии ҳомиладорӣ ва таваллуд, кӯмакпулиҳои оилавӣ, кӯмакпулӣ барои сабаби бекорӣ, кӯмакпулӣ барои дафн ба аъзои оилаи камбизоат дар асоси маълумотҳо доир ба пардохтҳои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё