Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа
САРСУХАН
Ҳуқуқи меҳнат дар низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи мустақил буда, он ҳанӯз пеш аз Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ, дар нимаи дуюми асри ХХ арзи вуҷуд намудааст.
Аслан, низоми меъёрҳои ҳуқуқие, ки ба ин соҳа бахшида шудаанд, таърихи қадима дошта, дар давру замонҳои гуногуни давлатдорӣ, вобаста ба дараҷаи тараққиёту ташаккулёбии муносибатҳои истеҳсолӣ рушду такомул ёфтаанд.
Ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гузариш аз иқтисоди нақшавӣ ба иқтисоди бозоргонӣ, ба низоми муносибатҳои меҳнатӣ таъсир расонд. Дар шароити имрӯз, ки ҷомеаи соҳибистиқлоли мо роҳи бунёди давлатдори миллӣ, ҳуқуқбунёд, ягонаву дунявӣ ва иҷтимоиро пеша кардааст, танзиму таъмини ҳуқуқҳои меҳнатии шаҳрвандон аҳамияти аввалиндараҷа дорад.
Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1994 ҳуқуқҳои шаҳрвандон ба меҳнат дарҷ гардидаанд. Тибқи Конститутсия “Ҳар кас ба меҳнат, интихоби касбу кор, ҳифзи меҳнат ва ҳимояи иҷтимоӣ ҳангоми бекорӣ ҳақ дорад. Музди кор аз ҳадди ақали музди меҳнат набояд кам бошад. Дар муносибатҳои меҳнатӣ ҳама гуна маҳдудият манъ аст. Барои иҷрои кори якхела музди баробар дода мешавад. Ҳеҷ кас ба меҳнати маҷбурӣ ҷалб карда намешавад, ба истиснои мавридҳое, ки қонун муайян кардааст. Дар корҳои вазнин, зеризаминӣ ва шароити меҳнаташон зарарнок истифодаи меҳнати занон ва ноболигон манъ аст» (моддаи 35).
Аз замони ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ масъалаҳои таъмини ҳуқуқу кафолатҳои меҳнатии шаҳрвандон низ ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон муайян гардиданд. Новобаста аз имкониятҳои маҳдуди молиявии давлат, таъмини шуғли аҳолӣ, шароити муносиби корӣ ва пардохти музди меҳнати кормандон аз рӯзҳои аввал ҳамеша зери таваҷҷуҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доштанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миёни ҷумҳуриҳои собиқ ИҶШС яке аз аввалин давлатҳоест, ки аъзои Ташкилоти байналмилалии меҳнат шуда, конвенсия ва тавсияҳои ин ташкилоти байналмилалиро эътироф намудааст. Дар ин замина соли 1997 нахуст Кодекси меҳнати Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон қабул гардид, ки он ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ дар соҳаи меҳнат буд ва аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ баҳои баланд гирифт. Тайи давраи Истиқлолияти давлатӣ рушди соҳаҳои иқтисодии ҷумҳурӣ шаклҳои нави муносибатҳои меҳнатиро ба вуҷуд оварданд. Бо назардошти ин омилҳо соли 2016 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав қабул гардид.
Мо дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Месазад таъкид кард, ки дар давоми 30 соли истиқлолияти давлатӣ соҳаи иҷтимоию меҳнатӣ дар мамлакати мо тадриҷан рушд ёфта, нишондиҳандаҳои асосии он ба маротиб афзоиш ёфтаанд. Аз ҷумла, дар давраи аз соли 1995 то 1 январи соли 2020 музди миёнаи меҳнат дар ҷумҳурӣ аз 0,92 сомонӣ то 1335,5 сомонӣ зиёд шуда, он дар солҳои 1995, 2000, 2005, 2010, 2015 ва 2020 мутаносибан 0,92 сомонӣ, 15,5 сомонӣ, 83,5 сомонӣ, 354,4 сомонӣ, 878,9 сомонӣ ва 1335,5 сомониро ташкил дод. Агар дар соли 1998 ҳадди ақали музди меҳнат 1 сомониро ташкил дода бошад, пас ҳоло он ба 400 сомонӣ расидааст. Даромади пулии аҳолӣ аз 185,1 миллион сомонии соли 1996, дар соли 2018 ба 41 083,9 миллион сомонӣ расид. Даромади миёна ба ҳар сари аҳолӣ аз 7,25 сомонӣ дар соли 1998, ба 409,7 сомонӣ дар соли 2018 афзоиш ёфт. Хароҷот ва пасандозҳои аҳолӣ аз 175,1 миллион сомонӣ дар соли 1996, ба 42 346,4 миллион сомонӣ дар соли 2018 афзуда, хароҷоти истеъмолӣ ба як аъзои хонавода дар як моҳ аз 6,23 то 318,0 сомонӣ зиёд шуд. Дар маҷмӯъ, дар натиҷаи татбиқи барномаҳои давлатӣ дар солҳои истиқлолият сатҳи камбизоатӣ дар кишвар аз 83% дар солҳои 90 то 26,3% дар соли 2019 коҳиш ёфт1.
Хулоса, ҳуқуқи меҳнат дар мамлакати мо дар асоси принсипҳо ва концепсияҳои нав рушду такомул ёфта, гурӯҳҳои нави муносибатҳоро фарогир шудааст, ки қаблан берун аз танзими соҳаи ҳуқуқи мазкур буданд.
Бо назар ба ин омилҳо китоби дарсӣ дар мавзӯи ҳуқуқи меҳнат омода гардидааст, ки дар он масъалаҳои асосии барномаҳои таълимӣ ва меъёрҳои нави қонунгузорӣ дар ин соҳа дарҷ ёфтаанд. Он дар асоси нақшаи таълимӣ ва барномаи таълимӣ — кории (силлабуси) фанни “Ҳуқуқи меҳнат” мураттаб шудааст.
Мақсади асосии асари таълимӣ кӯмак барои аз худ намудани донишҳои асосии назариявӣ доир ба масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат ва истифодаи дурусти қонунгузории амалкунанда дар соҳаи меҳнат мебошад. Албатта, он аз заъфу норасоӣ холӣ нест, бинобар ин пешниҳоду мулоҳизаҳои хонандагони нуктасанҷ барои ислоҳу такмили минбаъда аз ҷониби муаллифон бо камоли майл пазируфта мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё