Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа
-
Рад кардани аз муоинаи тиббӣ гузаштан барои муқаррар намудани воқеияти дар ҳолати мастӣ бар асари истеъмоли машруботи спиртӣ, воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ё моддаҳои дигари мадҳушкунанда қарор доштан. Гузаштан аз муоинаи тиббӣ барои муайян намудани ҳолати мастии корманд, аслан бо мақсади тасдиқи асоси дигари бекор кардани шартномаи меҳнатӣ (дар ҳолати мастӣ ҳозир шудани корманд ба кор) талаб карда мешавад. Дар ин маврид агар корманд аз муоинаи тиббӣ саркашӣ намояд, корфармо метавонад барои бекор намудани шартномаи меҳнатӣ ташаббус намояд.
-
Аз тарафи корманд вайрон намудани қоидаҳои ҳифзи меҳнат ё бехатарӣ аз сӯхтор ва ё ҳаракат дар нақлиёт, ки боиси оқибатҳои вазнин, аз ҷумла ҷароҳат ва садама гардидаанд ё метавонанд гарданд. Ҳолатҳои зикршуда, танҳо дар асоси хулосаи тафтиши чунин ҳолатҳо метавонад исбот карда шавад. Мисол, санҷиши хизматӣ, тафтиши ҳодисаи нохуши дар истеҳсолот рух дода ва ғайра. Ҳолати мазкур барои бекор кардани шартномаи меҳнатӣ бо корманд онгоҳ асос мегардад, ки агар кирдори содиркардаи корманд дорои аломатҳои ҷиноят набошад.
-
Аз тарафи корманд фош намудани маълумотҳои дорои сирри давлатӣ ё дигар сирри бо қонун ҳифзшаванда, ки ба ӯ ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои меҳнатӣ маълум шудаанд. Мутобиқи қисми 2 моддаи 18 КМ ҶТ корманд уҳдадор аст, ки маълумотҳои дорои сирри давлатӣ, хизматӣ, тиҷоратӣ ё сирри дигари бо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё