Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ИқтисодиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

ба кори дигар ва бо розигии онҳо ба ташкилоти дигар, вале дар ҳамон маҳал ба муҳлати то як моҳ гузаронида мешаванд, агар дар шартномаи коллективӣ муҳлати дигар муқаррар нашуда бошад.

Ҳангоми гузаронидан ба кори каммузд дар натиҷаи бекорӣ сти музди меҳнати корманд дар ҳаҷми на камтар аз маблағи миёнаи моҳона (маош) дода мешавад. Ҳангоми рад намудани корманд аз давом додани кор вобаста ба тағйир ёфтани шароити меҳнат шартномаи меҳнатӣ бо корманд бо асосҳои умумӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ карда мешавад.

7.4. Асосҳо ва тартиби бекор кардани шартномаи меҳнатӣ

Бекор кардани шартномаи меҳнатӣ муносибатҳои меҳнатиро, ки қаблан аз ин шартнома ба миён омада бу- данд, қатъ мекунад. Дар қонунгузории меҳнат дар ин маврид се мафҳум истифода мешаванд: қатъи шартномаи меҳнатӣ, бекор кардани шартномаи меҳнатӣ ва аз кор озод кардан.

Истилоҳи "қатъи шартномаи меҳнатӣ" дар қонунгузории меҳнат ҳамчун мафҳуми васеътар истифода мешавад ва та- моми асосҳоеро, ки шартномаи меҳнатиро барҳам мезананд, фаро мегирад. Дар робита ба ин онҳо ҳамчун асосҳои уму- мии қатъи шартномаи меҳнатӣ номида мешаванд.

Мафҳуми "бекор кардани шартномаи меҳнатӣ" дар ҳо- латҳое, ки муносибатҳои меҳнатӣ бо ташаббуси яке аз тарафҳои

пешина
аз 496
навбатӣ