Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

шартномаи меҳнатӣ мумкин нест, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки Кодекси меҳнат, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё уҳдадориҳои ихтиёран қабулнамудаи корфармо бастани шартномаро пешбинӣ мекунанд.

Пеш аз бастани шартномаи меҳнатӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин аст шартҳои иловагӣ гузошта шаванд (гузаштан аз озмун, интихоб шудан ба вазифа (мансаб).

Моддаи 28 КМ ҶТ муқаррар менамояд, ки шартномаи меҳнатӣ метавонад бо санҷиши пешакӣ баста шавад.
Санҷиш бо созиши тарафҳо муқаррар гардида, ба ғайр аз ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, наметавонад аз се моҳ бештар бошад. Дар давраи санҷиш ба корманд меъёрҳои Кодекси меҳнат, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартҳои шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ татбиқ мегарданд.

Ҳангоми ба кор қабул намудан санҷиш ба шахсони зерин муқаррар карда намешавад:

  • шахсоне, ки синнашон ба 18 нарасидааст;
  • мутахассисони ҷавон, ки на дертар аз як сол баъд аз хатми муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти махсус ё муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи ихтисос маротибаи аввал тибқи роҳхат ба кор қабул карда мешаванд;
  • шахсоне, ки тибқи озмун барои ишғоли вазифаҳои (мансаби) дахлдор ба кор қабул карда мешаванд;
пешина
аз 496
навбатӣ