Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа
ФАСЛИ II. ҚИСМИ МАХСУС
БОБИ 7. ШАРТНОМАИ МЕҲНАТӢ
7.1. Мафҳум, аҳамият ва мазмуни шартномаи меҳнатӣ Институти шартномаи меҳнатӣ дар ҳуқуқи меҳнат мавқеи асосӣ дорад. Зеро, он асоси ба вуҷуд омадан, тағйир ёфтан ва қатъи муносибатҳои меҳнатӣ мебошад. Маҳз тавассути шартномаи меҳнатӣ муносибатҳои меҳнатӣ расмӣ карда мешаванд, он василаи асосии таъмини ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои тарафҳои ин муносибатҳо мебошад. Он ҳислати шартномавӣ доштани муносибатҳои меҳнатӣ ва озодии меҳнатро инъикос мекунад, ки ин кафолатҳо дар Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 35) ва КМ ҶТ (моддаҳои 5, 11, 20, ва ғ.) пешбинӣ шудаанд.
Маҳз ин кафолатҳо, яъне озодии меҳнат ва шартномавӣ будани муносибатҳои меҳнатӣ ба ҳар як шаҳрванд (шахси воқеӣ) имкон медиҳад, ки бо интихоби ихтиёрии ҷой ва намуди кор дар асоси санади тасдиқкунанда (шартномаи меҳнатӣ) аз ҳуқуқ ба меҳнат истифода барад. Ҳамин тариқ шартномаи меҳнатӣ якчанд хусусияти муҳим дорад аз ҷумла:
-
Шартномаи меҳнатӣ шакли ҳуқуқии озодии меҳнат, аз ҷумла ҳуқуқ ба меҳнатро ифода намуда, қабл аз ҳама, нақши муҳими иҷтимоиро иҷро мекунад.
-
Шартномаи меҳнатӣ нақши назарраси иқтисодӣ дорад, зеро он ба корфармо пурра имкон медиҳад, ки бо назардошти манфиатҳои худ ва талаботи бозори меҳнат кормандони барои ӯ заруриро интихоб кунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё